Як узви дигари оилаи Каримовҳо, сокинони шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки қаблан ин хонавода аз истеъмоли “икра” заҳролуд шуда, ду аъзои он фавтида буд, ба ҳалокат расидааст.

Ҷамолиддин Раҳимов, сардухтари Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, Муноҷот Каримоваи 41 сола, ки шаби 6-уми январ бо аломати тромбоэмболияи шараёни шуш ва норасоии нафас ба шӯъбаи эҳё бистарӣ шуда буд, баъди 1,5 соат ба ҳалокат расид.

Номбурда гуфт, Муноҷот Каримоваро наздиконаш дар ҳолати вазнин  ба беморхона оварданд ва марги ӯ ба бемории ҳасибак, ки ӯ қариб ду моҳ пеш баъди хӯрдани “икра” бо аҳли оилааш гирифтор шуда буд, рабт надорад.

Ёдовар мешавем, ки 8 узви оилаи Каримовҳо баъди истеъмоли икра (салати хонагӣ)  заҳролуд шуда, ду аъзои он-модару духтар Умринисо ва Муҳтарам Каримова фавтида буданд.

6-нафари дигар аҳли оила баъди табобат мураххаз шуда ба хонаашон баргашта буданд. Аммо марги боз як тан аз узви ин оила сару садоҳоро ба миён овард, ки ба сокинон марги ӯро ба бемории қаблан гирифторшуда (ҳасибак) ё зарҳролудшавии ин хонадон рабт медоданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.