Боришоти пуршиддати шаби 7 август ба фаромадани сел дар деҳаи Мадми ҷамоати Урметани ноҳияи Айнии вилояти Суғд боис гардид.

Дар натиҷа лойқаи гилу санг ба чор манзили зисти сокинони маҳаллӣ, иншооти ёрирасон қисман зарар расонида, роҳи деҳа ва заминҳои кишоварзиро сел шуст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Сурат: КҲФ ҶТ

Гуфта мешавад, талафоти ҷонӣ бар асари фаромадани сел ба қайд гирифта нашудааст.

Барои бартараф намудани оқибатҳои офати табӣ аҳолии деҳа ва техникаи муҳандисӣ сафарбар карда шудааст.

Сурат: КҲФ ҶТ

Траиқи ҳашари умумӣ аллакай 3 манзил, иншооти ёрирасон, 900 метр роҳи байни деҳаҳо, 500 метр селпарто ва 120 метр наҳр барои обёрӣ аз лойқаи гилу санг тоза карда шудааст.

Дар ҳоли ҳозир корҳо оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ идома доранд.

Сурат: КҲФ ҶТ

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ бар асари фаромадани сел 161 хоҷагӣ осеб дид. Офати табиӣ ба зиёда аз 60 манзил зарар расонид. Аз ҷумла селу лойқа 16 хонаро қисман зер карда, ба 64 иншооти ёрирасон зарар расонид ва 81 қитъаҳои наздиҳавлигӣ зери об монданд.

Дар ҳамин ҳол, дирӯз дар километри 250-уми роҳи мошингарди Душанбе - Ваҳдат - Лахш дар шарқи кишвар бар асари болоравии ҳарорат дар мавзеи Арчақапи деҳаи Сурхоби ноҳияи Нуробод сатҳи об дар дарёи Сугат бори навбатӣ баланд шуд. Оби аз соҳилҳо баромада 150-200 метри ин роҳро шуст.

Ин қитъаи роҳро лойқаи сангу гил зер карда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт боздошта шуд. Дар натиҷаи офат талафоти ҷонӣ ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудааст, зикр мегардад дар хабари Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Гуфта мешавад, аз ҳисоби кормандони вазорату идораҳои дахлдор дар ҳамдастӣ бо мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гурӯҳи корӣ ба маҳалли ҳодиса сафарбар шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.