Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода оқибатҳои садамаи нақлиёти маргборро дар қаламрави ноҳияи Восеъ, ки шаби рӯзи якшанбе рух дод, бартараф карданд.

Шоми дери рӯзи 25 август автомашинаи «Opel Astra» зери идораи ронандаи 40-сола ба автомашинаи «Mercedes Benz Sprinter»-и мутааллиқ ба сокини деҳаи Кӯҳнашаҳри ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб бармехӯрад.

Сурат: КҲФ

Бар асари ин бархӯрд 2 нафар - ронада ва мусофири «Opel» дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ бистарӣ шудаанд.

Барои баргузории рафъи оқибатҳои ин садама имдодгарони навбатдори КҲФ дар минтақаи Кӯлоб ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Бо ёрии воситаҳои махсуси техникӣ онҳо ҷасадҳоро аз мошини пачақшуда берун оварданд.

Сурат: КҲФ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз ронандагон даъват мекунад, ки дар чунин обуҳавои номусоид ҳушёриро аз даст надода, ҳамаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, инчунин реҷаи суръати ҳаракатро риоя намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.