Давоми 9 моҳи соли 2023 дар ҳудуди вилояти Суғд 468 ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти гуногундошта ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 130 нафар ба ҳалокат расидааст. Маблағи зарар аз ин ҳаводис бошад, 22,7 млн сомониро ташкил додааст.

Ба иттилои Диловар Ҳамдамов, масъули бахши равобит бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд шумораи офатҳои табиӣ ва ҳодисаи фавт дар пайи он нисбати соли гузашта кам шудааст. Дар ҳамин давраи соли 2022 дар вилоят 497 ҳодисаҳои фавқулода ба амал омада, боиси марги 134 нафар шуда буд. Зарари расида ҳам 14,2 млн сомонӣ будааст.

Диловар Ҳамдамов аз чанд ҳодисаи пурхисорот ёдовар шуд. Аз ҷумла, ӯ гуфт, ки 27-уми феврали соли равон дар ҳодисаи лағзиши тарма дар километри 157,4 шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ 5 нафар ба ҳалокат расида, як нафар ҷароҳат бардошта буд.

“Бештари зарарҳои ба хоҷагии халқ расида аз селҳои баҳорӣ буданд. Сели рӯзи 2 апрели соли 2023 ба хоҷагии халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз 380 ҳазор сомонӣ ва селҳои рӯзҳои 11-ум ва 16-уми май дар ноҳияи Айнӣ ҳудудан 428 ҳазор сомонӣ зарарӣ иқтисодӣ расонд”, - зикр кард Диловар Ҳамдамов.

Заминларзае, ки 23 марти соли равон ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳро такон дод, хонаҳои зиёдеро дар ҷамоати деҳоти Палдорак, деҳаҳои Палдорак, Роғ, Дашти миёна, Деҳманора, Ярм, Пакшиф, Самҷон ва Худгифи боло хароб кард. Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулода зарари аз ин ду заминҷунбӣ расидаро 4 миллиону 188 ҳазору 970 сомонӣ ҳисоб кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.