Баъди зуҳри имрӯз, 30-юми октябри соли 2023, дар қаҳвахонаи туркии “Мерве” (воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе) таркиш ба амал омад, ки дар пайи он ду нафар ҷароҳат бардоштаанд. Гуфта мешавад, ки сабаби таркиш гази моеъ будааст.

Дар ин бора милитсияи Душанбе хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки ҳодиса соати 13:40 аз ҳисоби таркиши гази моеъ ба амал омад.

Ба иттилои ин ниҳод, дар натиҷаи он як корманди қаҳвахона ва як мизоҷи он ҷароҳат бардоштаанд.

"Ҳамзамон як адад воситаи нақлиёти тамғаи "Лексус", ки дар наздикии ошхона қарор дошт, зарари техникӣ дидааст", - гуфтааст милитсияи Душанбе.

Манбаъ афзудааст, ки ҳодисаи мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамчун ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуда, мавриди санҷиш қарор дорад.

Бояд гуфт, ки қабл аз ин ҳам дар Тоҷикистон бар асари таркиши балони гази моеъ чандин нафар зарар дида буданд. Аз ҷумла, дар охирин таркиши балони гази моеъ дар норҳияи Панҷи вилояти Хатлон 1 нафар ба ҳалокат расида, чандин каси дигар ҷароҳатҳои гуногун бардошта буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.