Дар Тоҷикистон барои иштироки ғайримустақим дар содир намудани ҷиноёти қочоқ ва убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон нисбат ба мудири кулли ширкати ҳавопаймоӣ «Rolkan Investments Ltd» Сергей Полуянов парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ширкати ҳавопаймоии мазкур дар минтақаи оффшории ҷазираҳои Вирҷиния сабти ном шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ иттилоъ дод, тафтишоти парвандаи мазкур ба ӯҳдаи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ вогузор шудааст.

«Полуянов барои иштироки ғайримустақим дар содир намудани ҷиноёти қочоқ ва убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон, яъне мутобиқи моддаҳое, ки халабонон Владимир Садовничий ва Алексей Руденко маҳкум шуданд, таҳти пайгарди қонунии байнулмилалӣ эълон гардид. Муайян карда шудааст, ки халабонон бевосита бо супориши Полуянов парвозро анҷом додаанд, аз ин рӯ, ӯ низ бояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашид шавад», - гуфт манбаъ.

Қаблан СергейПолуянов ба ВАО-и русиягӣ изҳор кард, ки аз оғози ин қазия ҳукуматдорони Тоҷикистон ӯро таҳти фишор қарор дода, талаб кардаанд, ки ҳавопаймоҳоро ба онҳо супорад ва дар сурати акс, таҳдиди ба зиндон равона кардани халабонҳоро карда будаанд.

Бино ба маълумоти Додситонии кулли Тоҷикистон, ду ҳавопаймои Ан-72, ки халабонони маҳкумшуда тавассути онҳо ба Қӯрғонтеппа фуруд омаданд, дар ягон кишвар дар қайди давлатӣ набуда, давоми се сол бар хилофи бехатарии парвоз аз таъмир ва санҷиши техникӣ нагузаштаанд.

То моҳи июни соли 2008 онҳо дар рӯйхати давлатии хадамоти ҳавонавардии Гурҷистон сабти ном шуда буданд. Сипас аз рӯйхати техникаи ҳавопаймоии ин кишвар хориҷ гардида, аз шаҳодатномаи оператор ва шаҳодатномаи коршоямӣ ба анҷом додани парвоз маҳрум гардида буданд.

Ёдрас мекунем, ки додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа шаҳрванди Русия, халабони ҳавопаймо Владимир Садовничийро дар даст доштан ба ҷиноёти қочоқ, убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон ва риоя накардани тартиботи парвозҳои байнулмилалӣ муттаҳам дониста, ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Маҳз пас аз содир шудани ҳукм муносиботи Тоҷикистону Русия ба сардӣ гароида, Маскав изҳор кард, ки чораҳои ҷавобӣ хоҳад андешид.

Халабони дигар, шаҳрванди Эстония Алесей Руденко низ ба ҳамин мӯҳлат аз озодӣ маҳрум карда шуд.