Сардори яке аз гузаргоҳҳои марзии миёни Тоҷикистону Афғонистон бо миқдори зиёди маводи мухаддир боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷараёни амалиёти махсус кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии вилояти Хатлон сардори гузаргоҳи марзии «Вахш»-и гурӯҳи марзбонии «Панҷ» капитан Низомиддин Яқубовро боздошт намуда, ҳангоми кофтуков аз ӯ 20 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, Н.Яқубов бо сардори гурӯҳи марзбонии «Тахти кӯҳӣ»-и кишвари ҳамҷавори Афғонистон бо исми Саймаҳмуд робита дошта, аз ӯ барои фурӯши минбаъда маводи мухаддир дастрас мекардааст.

Нисбат ба Низомиддин Яқубов мутобиқи моддаи 200, қ. 4-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.