Собиқ айбдоркунандаи асосии давлатӣ оид ба парвандаи Низомхон Ҷӯраев, собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, Рустам Олимов ба ҳабс гирифта шуд.

Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба собиқ сарпрокурори Раёсати назорати қонун дар қабули қарорҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии Прокуратураи генералии Тоҷикистон Рустам Олимов мутобиқи моддаи 31, қ. 4, банди «г»-и КҶ ҶТ (Гирифтани пора ба миқдори ниҳоят зиёд) санаи 17 майи соли равон боз шуд.

Бино ба маълумоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дар давраи солҳои 2008-2009 Олимов ба сифати айбдоркунандаи давлатӣ дар баррасии парвандаи ҷиноии №1752 нисбат ба бародарони хурдии Низомхон Ҷӯраев – Фахриддин ва Толиб Ҷӯраев иштирок кардааст.

Парвандаи мазкур таҳти раёсати судяи Суди олии ҷумҳурӣ Нур Нуров баррасӣ шудааст.

Дар ҷараёни тафтишот муайян карда шудааст, ки Р.Олимов ва дигар мансабдорон зимни иҷрои вазифаҳои худ бо мақсади гирифтани пора ба миқдори ниҳоят зиёд бо ҷониби айбдоршаванда забон як мекунанд. Дар робита ба ин Р.Олимов дар шаҳри Душанбе бо хешовандони Ф.Ҷӯраев вохӯрда, ба мувофиқа мерасанд, ки дар асоси гуфтушуниди пешакӣ бо Н.Нуров ва гирифтани пора ба миқдори ниҳоят зиёд ба таъини ҷазои нисбатан сабуктар ба Фахриддин ва Толиб Ҷӯраевҳо мусоидат мекунанд.

Зимни баррасии парвандаи мазкур Р.Олимов шахсан ва тавассути миёнаравии як қатор шахсон, аз ҷумла бародараш П.Олимов ба сифати пора аз хешовандон ва наздикони Ҷӯраевҳо қисм-қисм дар ҳаҷми 350 ҳазор доллари ИМА маблағ гирифтааст.

Айни замон нисбат ба гумонбаршуда дар содир намудани ҷиноят Р.Олимов ва дигар шахсони дар он дастдошта чораи дар ҳабс нигоҳ доштан татбиқ мегардад.

Ба гуфтаи адвокати Низомхон Ҷӯраев, айни замон аз ҷониби Агентии зиддифасод тафтишот ҷараён дорад, зеро ӯ асосан дар содир намудани ҷиноёти иқтисодӣ айбдор карда мешавад. Санаи 29-уми март пас аз озодӣ тоҷири дар Маскав нопадидшудаи тоҷик, собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Низомхон Ҷӯраев дар шаҳри Душанбе пайдо шуд. Сипас тавассути телевизион суханронии ӯ намоиш дода шуд.

Ба гуфтаи адвокат Бахтиёр Насруллоев, айни замон Ҷӯраев бо шарти тарк накардани макони будубош дар озодӣ қарор дорад. Ба гуфтаи ӯ, макони будубоши Ҷӯраев ба хотири амнияти зерҳимояаш дақиқан махфӣ нигоҳ дошта мешавад. «Ман чанде қабл бо Ҷӯраев мулоқот доштам ва ӯ худро хуб ҳис мекунад», - гуфта буд ӯ.