Мурофиаи судӣ оид ба парвандаи роҳбари ширкати «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов дар арафаи анҷомёбист. Имрӯз дар ҷаласаи навбатӣ айбдоркунандаи давлатӣ дархост кард, ки Охунов мутобиқи се моддаи пешниҳодшуда гунаҳкор эътироф гардида, ба муддати 17 сол аз озодӣ маҳрум карда шавад.

Ғайр аз ин, айбдоркунандаи давлатӣ пешниҳод кард, ки як қатор иншооти ширкати «Мовароуннаҳр» фурӯхта шуда, маблағҳо ба саҳҳомон тақсим карда шаванд.

Аввали ҳафтаи оянда музокироти ҷонибҳо доир гардида, бо анҷоми он ҳукми суд содир мегардад.

Ҷӯрабек Охунов ба қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд, фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ ва расонидани зарар ба амвол тавассути фиреб ё суистеъмол аз боварӣ муттаҳам карда мешавад.

Директори генералии ҶДММ «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов моҳи ноябри соли 2010 боздошт шуда буд. Муфатттишон ҳамеша далелҳои нав пайдо мекарданд, ки сипас он ба як истеҳсолот муттаҳид карда шуд. Масалан, далели азхудкунии 2,8 млн. сомонӣ маблағе, ки аз «Тоҷиксуғурта» барои сохтмони идораҳои зертобеъ дар ноҳияҳо гирифта шуда буд, муайян карда шуд. «Ин маблағҳоро раиси ширкат ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст ва он дар ҷараёни санҷиш исбот гардид», - гуфта буданд дар Прокуратураи генералии ҶТ.

Ғайр аз ин, ширкат ҳамчунин  ба азхудкунии 7,4 млн. сомонӣ маблағи Бонки исломӣ, ки барои маркази солимӣ дар ноҳияи Данғара ҷудо шуда буд, гунаҳкор дониста шуда буд. Аммо адвокати судшаванда Шӯҳрат Қудратов мӯътақид аст, ки мутобиқи қарордодҳои баимзорасида миёни ҷонибҳо, биноҳои «Тоҷиксуғурта» бояд ахири соли 2010 мавриди истифода қарор мегирифтанд, вале Охунов аз моҳи ноябри соли 2010 дар маҳбас қарор дорад ва аз он замон фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» қатъ гардида, аз ин рӯ, иншооти мазкур ба истифода дода нашуданд.

«Сохтмони иншоот то ҳабси Охунов мувофиқи реҷаи муқаррашуда сурат гирифта буд ва корҳои сохтмонӣ қисман ба анҷом расонида шудаанд. Ба маблағи боқимонда масолеҳи сохтмон харида шудааст, ки айни замон дар анборҳои ширкат нигаҳдорӣ мешаванд», - изҳор дошта буд Қудратов.

Моҳи феврали соли равон вазъи рӯҳии раиси 53-солаи ширкати «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабаек Охунов якбора хеле бад шуда, аввали моҳи март ӯ ҷиҳати табобат ба дармонгоҳи муолиҷаи бемориҳои рӯҳӣ бистарӣ гардида буд.