Кормандони шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои ин раёсат дар вилояти Суғд аз оғози соли равон ҳудуди 160 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори бахши таҳлилии шуъбаи мубориза бо маводи нашъаовари раёсати мазкур Насим Олимов хабар дод, дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 158 килову 31 грамм маводи мухаддир дарёфт ва мусодира гардидааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 145 кило камтар аст. Дар ҳамин давраи соли гузашта 303 килову 465 грамм маводи мухаддир мусодира гардида буд.

Ба иттилои манбаъ, аз миқдори умумии маводи мухаддири мусодирашуда зиёда аз 9 килояшро маводи сахттаъсири героин, 9 килоро – афюн ва беш аз 124 килояшро ҳашиш ташкил медиҳад. Аз рӯйи ин далелҳо 133 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 239 кило маводи нашъаоварро мусодира намудаанд, ки 61 килояшро героин ташкил медиҳад. Дар ҳамин давраи соли гузашта 349 кило маводи мухаддир мусодира гардида буд.