Раёсати адлияи вилояти Суғд ҷиҳати барҳам додани Ассостсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро», ки ба ҳифзи ҳуқуқи даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ машғул аст, бо аризаи даъвогӣ ба суди шаҳри Хуҷанд муроҷиат кард.

Эътирози Раёсати адлия ба «Ампаро» аз риоя накардани Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» аз ҷониби сарвари созмон, бидуни қарори дахлдор тағйир додани суроғаи ҳуқуқӣ, аз қайди дубора нагузаштани созмон дар Раёсати адлия, ифтитоҳи сомонаи интернетии созмон бар хилофи Оиннома ва бидуни иҷозатнома ташкил кардани дарсҳо оид ба мавзӯи «Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ» дар синфҳои 9-11-и макотиби таҳсилоти умумии ноҳияҳои Спитамен ва Бобоҷон Ғафуров иборат аст.

Дар ҳамин ҳол, раиси «Ампаро» Дилрабо Самадова дар робита ба ин масъала мегӯяд, Раёсати адлия мушаххасан амали ғайриқонунии роҳбари созмонро нисбати қонуншикании марбут ба Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» зикр накардааст ва ҳамчунин гузаштани қайди дубора дар Раёсати адлия ҳангоми тағйири суроғаи воқеӣ дар қонун пешбинӣ нашудааст.

Дар робита ба ифтитоҳи сомонаи созмон дар шабакаи Интернет номбурда гуфт, маҷлиси умумии созмон дар ин бора қарор қабул карда, сомона аз провайдер хостинг дастрас намуд. «Дар Оинномаи «Ампаро» гуфта мешавад, ки созмон ба паҳн кардани маълумот дар бораи фаъолияти худ ҳуқуқ дошта, дар қонунгузорӣ барои ифтитоҳи сомона гирифтани иҷозатнома пешбинӣ нагардидааст», - гуфт вай.

Дар шарҳи масъалаи баргузории чорабиниҳои омӯзишӣ дар макотиби таҳсилоти умумӣ Самадова изҳор кард, ки «Ампаро» дар доираи фаъолияти худ баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифтанокии ҳуқуқии даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ мунтазам вохӯриҳои дусоата мегузаронад, ки онҳо дар шакли суолу посух сурат мегиранд. «Ин вохӯриҳо бо розигии хаттӣ ва дар ҳамдастӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва Вазорати маориф доир гардида, реҷаи баргузории чорабиниҳо, макон ва шумори иштирокчиён аз ҷониби ҷамоатҳо пешниҳод шуда буданд. Дар ин вохӯриҳо ба иштирокчиён гувоҳнома дода намешавад», - таъкид кард раиси ассотсиатсия.

Дар идома Дилрабо Самадова изҳор кард, ки ахиран як зумра аз намояндагони мақомоти давлатӣ бо ҳар роҳу воситае мекӯшанд, то ба фаъолияти созмони ҳуқуқии ҷавонон монеа эҷод созанд. «Қабл аз ин фишор ба созмони мо дар шакли рад кардани баргузории чорабиниҳои маърифатӣ миёни ҷавонон, санҷишҳо аз ҷониби мақомоти гуногун ва ғайра ифода мегардид. Ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ ба Вазорати адлия ҷиҳати ба макоми иттиҳодияи ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ соҳиб шудан, бо баҳонаи баста шудани созмон қабули онро рад карданд, вале пас аз ишораи то ҳанӯз дар ин бора мавҷуд набудани қарори суд, ҳуҷҷатҳои таъсисотии «Ампаро» барои қайди дубора пазируфта шуданд», - гуфт вай.

Ба қавли ӯ, дар робита ба ин масъала ахири моҳи июл созмон ба унвони Дастгоҳи иҷроияи президент, Вазорати адлия, мудофиа, маориф, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҷумҳурӣ ва раиси вилояти Суғд изҳорот ирсол намуда, вале то ҳанӯз аз ҳеҷ кадоме аз ин мақомот посух нагирифтааст.

Раиси «Ампаро» афзуд, онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ ба фаъолияти худ хотима бахшиданӣ нестанд. «Мо фаъолияти худ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсонро идома дода, ният дорем, ки нисбат ба амалҳои ғайриқонунии кормандони мақомоти адлия шикоят барем», - илова кард Д.Самадова.