Кормандони мақомоти интизомии ҷумҳурӣ миқдори зиёди маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ)-ро мусодира намуданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ ду нафар хонандагони мактаби таҳсилоти умумии №79-и пойтахт боздошт шудаанд. Ҳангоми кофтуков аз онҳо 90 ҳазору 480-дона маводи «хлопушка» дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Инчунин аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи мазкур автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2107» таҳти идораи ноболиғ боздошт карда шудааст. Ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи мазкур ба миқдори 28 ҳазору 800-дона маводи тарфгарӣ дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Ҳамчунин аз ҷониби кормандони милитсия дар кӯчаи Рӯдакии пойтахт аз маркази тиҷоратии «Мармариён» сокини 27-солаи ноҳияи Рӯдакӣ боздошт гардида, ҳангоми кофтуков аз ӯ 2500-дона маводи «хлопушка» дарёфт ва мусодира карда шуд. Ин ҳодисаҳо мавриди санҷиш қарор доранд.