Ҳафтаи равон дар вилояти Суғд мурофиаи судӣ нисбат ба собиқ директори генералии корхонаи «Заря Востока» оғоз гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи мазкур, судяи шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) Умедҷони Раҳматҷонӣ хабар дод, айни замон бинобар сабаби аз ҷониби суд таъин шудани ташхиси маҷмӯавии муҳосибӣ дар Вазорати адлияи ҶТ, баррасии парванда муваққатан боздошта шудааст. «Пас аз дастрас кардани хулосаи ташхис баррасии парванда идома хоҳад ёфт», - гуфт вай.

«Собиқ директори генералии корхонаи «Заря Востока» Абдураҳим Расулов дар содир намудани ҷиноятҳои пешбинишуда мутобиқи моддаҳои 245, қ. 4 (Азонихудкунӣ ё камомад ба миқдори ниҳоят зиёд) ва 323 (Сохтакории хизматӣ)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешавад. Ӯ дар азхудкунии ҳудуди 200 ҳазор сомонӣ маблағҳои давлатӣ муттаҳам дониста мешавад», - афзуд судя.

Собиқ вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истиқлол Абдураҳим Расулов дар вазифаҳои муовини нахуствазири ҶТ, муовини раиси вилояти Суғд, муовини раиси шаҳри Чкаловск ва раиси шаҳри Қайроққум фаъолият дошт.

Аз моҳи марти соли 2004 то замони боздошт вазифаи директори генералии КВД «Заря Востока»-ро ишғол мекард.

А.Расулов моҳи июли соли 2010 аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ боздошт шуд. Бино ба маълумоти тафтишот, А.Расулов бо 6 нафар кормандони масъули ин корхона пешакӣ маслиҳат карда, тавассути таҳияи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ 1 млн. 716 ҳазору 598 сомониии корхонаро азхуд мекунанд. Мурофиаи судӣ нисбат ба кормандони дигари корхона баъдтар баргузор мешавад.