Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин дар бораи афзоиши шумори парвандаҳои ҷиноятӣ бо иштироки муҳоҷирон изҳори назар кард.

“Ҳозир афзоиши онҳо ба назар мерасад. Омори ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин хеле нигаронкунанда аст. Соли гузашта оид ба ин ҷиноятҳо, аз қабили одамкушиву қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки ба марги ҷабрдида оварда расонид, 893 парвандаи ҷиноятӣ боз шуд”, - изҳор доштааст Бастрикин дар мусоҳиба ба “Интерфакс”.

Александр Бастрикин
Сурат аз хабаргузории "Regnum"

Ӯ зикр кардааст, ки соли 2022 дар бораи аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ содир гардидани ҷиноят 4 ҳазору 729 хабар расида, аз рӯи ин далелҳо 4 ҳазору 231 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

“Ин қариб 3 маротиба зиёдтар дар муқоиса бо соли 2021 мебошад”, - иброз доштааст раиси Кумитаи тафтишот.

Ба гуфтаи вай, “миёни муҳоҷирони ғайриқонунӣ рӯҳияи ифротгароӣ паҳн мешавад”. Ҳодисаҳои муқовимат ба талаботи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамла ба кормандони ҳифзи тартибот низ бештар шудааст.

Раиси Кумита изҳор намудааст, ки шумори парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳои марбут ба дахлнопазирии ҷинсӣ низ ба таври назаррас афзудааст.

“Аксар вақт бо иштироки муҳоҷирон ҷанҷолу муноқишаҳои дастаҷамъона рух медиҳанд, ки вокуниши густарда ба бор меоранд. Аксари ин амалҳои ҷиноиро шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои узви ИДМ-и Осиёи Марказӣ меоянд, содир мекунанд. Ҳамин ҳафтаи гузашта дар пойтахт созмондиҳандаи чунин ҷанҷолҳои дастаҷамъона ва 5 тан аз иштирокчиёни онҳо боздошт шуданд. Сокинони Осиёи Миёна ба одамон ҳамла ва онҳоро лату кӯб намуда, мехостанд ба атрофиён муқобилат кунанд. Ин ҳама дар навор сабт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд”, - гуфтааст раиси Кумитаи тафтишот.

Бастрикин зикр кардааст, ки аксар вақт шахсони калонсол ва шаҳрвандони беҳимоя аз ин амали муҳоҷирон осеб мебинанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.