Прокуратураи генералии Тоҷикистон шаҳрвандони кишварро огоҳ мекунад, ки ба доми қаллобон наафтанд. Онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо рекламаи бардурӯғ аз номи ширкати “Газпром”-и Русия бо гирифтани аз 10 то 20 фоиз фоида мавод нашр мекунанд.

Дар хабари нашршуда дар сомонаи прокуратураи генералӣ зикр мешавад, ки имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ рекламаҳои бардурӯғ ва фиреби қаллобон зиёд ба мушоҳида расида, баъзе шаҳрвандон ба онҳо бовар карда, бо интиқоли маблағҳои калони пулӣ зарари моддӣ-иқтисодӣ дида истодаанд.

Як қатор мисолҳо оварда шудаанд, аз ҷумла ҳодисаҳои харидани саҳмияҳо ва иштирок дар фондҳои биржавӣ.

“Масалан, 5 ноябри соли 2022 шаҳрванд Расгелдиев А.Р. бо истифода аз телефони мобилияш дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ бо рекламаи бардуруғ аз номи ширкати ҶДММ “Газпром”-и Русия оиди ба даст овардани аз 10 то 20 фоиз фоида барои харидорӣ намудани саҳмия ва иштирок дар биржаи ҷаҳонӣ шинос шудааст.

Номбурда ба ин рекламаи бардуруғи қаллобон бовар карда, бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт тибқи шартҳои пешниҳоднамудаи шахсони номаълум ба тариқи маҷозӣ, ба воситаи барномаи иҷтимоии “Телеграм”, аз моҳи ноябри соли 2022  то  моҳи январи соли 2023 дар маҷмӯъ 868 ҳазору 500 сомониро ба ҳамёни бонкии “Душанбе Сити” ба рақами +992771112524, ки  ба номи шаҳрванди Украина Прокопенко Людмила ба қайд гирифта шудааст, интиқол додааст.  Дар натиҷа, шаҳрванд Расгельдиев А.Р. ба доми қаллобон афтида, ба миқдори махсусан калон зарарӣ моддӣ дидааст”, - гуфта мешавад дар хабар.

Аз натиҷаи санҷиш Прокуратураи генералӣ вобаста ба ҳолати мазкур оиди содиршавии ҷинояти қаллобӣ ба миқдори махсусан калон 06 феврали соли 2023 бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва аз рӯи тобеият барои пешбурди тафтиши  пешакӣ ба Раёсати тафтишотии ВКД Тоҷикистон ирсол намуд.

Ҳамзамон, бо мақсади пешгирии қаллобӣ, дар асоси амри прокурорӣ истифодабарии симкорти болозикр, ки ба номи шаҳрванди Украина Прокопенко Л. ба қайд гирифта шуда, ба рақами он дар бонки “Душанбе Сити” ҳамён ва суратҳисоб кушода шудааст, фавран қатъ карда шуд.

Дар ҳодисаи дигар ба доми қаллобон афтидани шаҳрванд Ф.С.Собиров мисол оварда шудааст.

“9 феврали соли 2023 ба телефони мобилии шаҳрванд Собиров Ф.С. шахси номаълум занг зада, худро ҳамчун намояндаи ширкати ҶДММ “Газпром”-и Русия Абрамов Виктор муаррифӣ намуда, таклиф  намудааст, ки  барои ба даст овардани даромади муфт дар барномаи махсуси ширкати номбурда ба номи “Trading Platform” дар Интернет маълумотҳои шахсияшро ба қайд гирифта, ҳамаи шартҳои пешниҳоднамудаи барномаи мазкурро иҷро  намояд.

Шаҳрванд Собиров Ф.С. ба ин ваъдаҳои бардуруғ бовар карда, аз 16 то 30 марти соли 2023 ба суратҳисобҳои пешниҳоднамудаи қаллобон дар бонки “Душанбе Сити” ҷамъ ба маблағи 89700 сомониро пардохт намудааст. Шахсони номаълум бе хабардории охирон ба номаш дар платформаи сармоягузории “Бинанс” дар Интернет аккаунт кушода, бо роҳи қаллобӣ маблағи пулии  аз ӯ ба даст овардаро барои харидории криптавалютаҳо истифода бурда, ба номбурда ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонидаанд”, - зикр мешавад дар хабар.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки ба чунин рекламаву барномаҳои бардурӯғи қаллобон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва саҳифаҳои интернетӣ бовар накарда, шарту талабҳои беасосу ғайриқонунии онҳоро оиди додани маълумотҳои шахсӣ, бақайдгирӣ дар ҳар гуна барномаҳои интернетӣ ва пардохти маблағҳои пулӣ иҷро накарда, аз фаромадан ба доми шахсони ҷиноятпеша эҳтиёткор бошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.