Директори як ширкати сохтмон барои таъмиру навсозии бинои шуъбаи маориф дар Душанбе беш аз 272 ҳазор сомониро барзиёд нишон дода, маблағи мазкурро тасарруф намудааст. Дар ин бора Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи оҷонсӣ, ӯ Хуршедҷон Назаров, директори ҶДММ “Аҳмад Сохтмон” аст ва бо истифодаи ваколати мансабдорӣ барои таъмиру сохтмони бинои шуъбаи маорифи Исмоили Сомонии пойтахт ин маблағро тасарруф кардааст.

“Назаров Хуршедҷон Абдураҳмонович бо истифодаи ваколати мансабдорӣ зимни анҷом додани корҳои таъмиру сохтмони бинои шуъбаи маорифи ноҳияи И.Сомонӣ дар асоси супоришномаҳои пулӣ қасдан ва бо роҳи сохтакории хизматӣ ҷамъ маблағи 272 ҳазору 43 сомониро барзиёд нишон дода, маблағи мазкурро тасарруф намудааст, ки дар натиҷа ба давлат зарари калони моддӣ расид”, - шарҳ медиҳад Оҷонсии зиддифасод.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Назаров Хуршедҷон Абдураҳмонович бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 340 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардидааст.

Бояд гуфт, ки моддаи 245 қисми 4 банди “б”-и Кодекси ҷиноятӣ азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон буда, бо ҷарима ба андозаи аз 1824 то 2800 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 10 то 15 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то 5 сол ҷазо пешбинӣ мешаванд.

Моддаи 340 қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ бошад, сохтакории шиноснома (паспорт), шаҳодатнома ё дигар ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда буда, бо ҷарима ба андозаи аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 2 сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо пешбинӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, назари худи боздоштшуда ва наздикони ӯ маълум нест.

Бояд гуфт, ки ҳолати фасодкорӣ, махсусан пулшӯӣ ва тасарруфи маблағ дар чанд соли охир дар Тоҷикистон бештар ошкор мешавад ва сомонаи Оҷонси зиддифасод тақрибан ҳар моҳе дар ин маврид хабар медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки маъмурони Оҷонси зиддифасодро дар Тоҷикистон ҳамвора барои дастгир накардани мансабдорони баландпоя танқид мекунанд. Ин ниҳод бештар дар бораи боздошти омӯзгорону пизишкон ва кормандони зинаҳои поини вазорату кумитаҳои давлатӣ гузориш медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.