Дар додгоҳи ноҳияи Советскийи шаҳри Новосибирск аз рӯи парвандаи ҷиноятӣ нисбати Хушунд Ҳамроев ҳукм содир шуд. Ҳамроев дар куштани духтари 17-сола, ки ба фикраш, ба ӯ хиёнат карда буд, гунаҳкор дониста шуд. Ба ӯ ҳукми 15 солу 6 моҳи зиндони низомаш шадид таъин шуд.

Тавре ки дар саҳифаи Судҳои салоҳияти умумии вилояти Новосибирск хабар дода мешавад, инчунин додгоҳ даъвои ҷабрдидагонро қонеъ намуда, айбдоршавандаро ба пардохти 400 ҳазор рубл зиёни моддӣ ва 2 млн 500 ҳазор зиёни маънавӣ вазифадор кард.

Тавре ки қаблан хабар дода будем, ин ҳодисаи фоҷеабор дар микрорайони Нижняя Елтсовка шаби 27 июли соли 2022 рух дода, он дар таҷҳизоти видео сабт шудааст.

Сурат аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Дар кадрҳои видео дида мешавад, ки духтар аз назди ҷавон гурехтанӣ шуда, лекин мард ӯро дарёб мекунад ва сипас ба замин афтонида, бо корд ба зарбазанӣ оғоз мекунад.

Ин ҳодиса дар назди ронандаи автомашина ва як шоҳиди дигар рух дода, лекин онҳо аз наздикшавӣ бо ҷинояткори мусаллаҳ ҳарос намудаанд. Пас аз куштани духтар ҷинояткор аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад. Духатри ҷабрдида то омадани мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ба ҳалокат мерасад.

Шиносҳои духтар ҳикоят кардаанд, ки қаблан онҳо тайи ду сол бо ҳам муносибат дошта, як ё ду моҳ пеш аз ҳам ҷудо шудаанд.

Ба ақидаи онҳо, сабаби даст ба куштор задани ҷавон рашк аст. Чанд рӯз пеш то ҳодиса ҷавон гуфта будааст, ки маъшуқаааш “ё аз они ӯ мемонад, ё аз они ҳеҷ кас намешавад”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.