Дар ҳошияи ҷаласаи оҷили Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ дар Истамбул мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Экмелиддин Эҳсоноғлу баргузор гардид.

 Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи миёни Тоҷикистон ва СҲИ табодули назар карданд. Дабири кулли СҲИ саҳми Тоҷикистонро дар фаъолияти СҲИ баланд арзёбӣ карда, нақши кишварро дар иҷрои ҳадафу вазифаҳои Созмон махсус қайд намуд.

Ҳамчунин дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расул мулоқот анҷом дод.

 Дар ҷараёни мулоқот самтҳои асосӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба сафари дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои Афғонистон, Покистон, Россия ва Тоҷикистон, ки 2 сентябри соли 2011 дар ш. Душанбе дар назар дошта шудааст, мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.