Ҳайати Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин таҳти сарварии узви Кумитаи доимии Бюрои сиёсии Кумитаи марказии ҳизби мазкур Чжоу Юнкан, ки бо даъвати Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, 21-уми августи соли равон ба Тоҷикистон ташриф овард, дирӯз аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон боздид намуда, бо фаъолияти шоликорони ноҳия аз наздик ошно гардид.

Ба гуфтаи роҳбари шӯъбаи таблиғот ва кор бо ВАО-и ҲХДТ Усмон Солеҳов, худи ҳамин рӯз ҳайати коммунистони Чин ба ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб ташриф оварда, бо фаъолияти корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин оид ба таъмир ва хизматгузории роҳҳо шинос шуд.

Субҳи имрӯз ҳайати мазкур ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Душанбе гулчанбар гузошт. Имрӯз вохӯрии Чжоу Юнкан бо раисони ҳар ду палатаи парлумони ҷумҳурӣ дар назар аст. Шоми имрӯз ҳайати коммунистони Чинро дар қароргоҳи беруназшаҳрӣ сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур хоҳад пазируфт.

«Дар ҷараёни сафар ҳайати мазкур бо нахуствазири кишвар Оқил Оқилов, мақомоти раҳбарии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Академияи низомии Вазорати мудофиа низ гуфтушунид анҷом дода, бо фаъолияти воҳиди махсуси «Алфа»-и КДАМ ва як қатор корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Чин низ аз наздик ошно хоҳад гардид», - гуфт У.Солеҳов.

Номбурда афзуд, сафари ҳайати коммунистони Чин ба Тоҷикистон нимаи дуввуми рӯзи 23-юми август анҷом меёбад.