Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва волоҳазрат шоҳзода Карим Оғохони IV – пешвои исмоилиёни ҷаҳон, ки рӯзи 30-юми октябр бо сафари серӯза ба Тоҷикистон ташриф овард, имрӯз ба сохтмони пули нав дар рӯдхонаи Панҷ миёни Тоҷикистону Афғонистон ҳусни оғоз хоҳанд бахшид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Созмони Оғохон оид ба рушд (AKDN) хабар доданд, айни замон Эмомалӣ Раҳмон ва шоҳзода Оғохони IV озими ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон шудаанд.

Нимаи дуюми имрӯз онҳо дар маросими расмии ҳусни ифтиоҳ бахшидан ба сохтмони пули панҷум миёни Тоҷикистону Афғонистон дар чаҳорчӯби амалисозии ташаббуси фаромарзии AKDN иштирок хоҳанд кард.

Дарозии пули нав 162 ва паҳноиаш 3,5 метр буда, иқтидори борбардориаш ба 30 тонна баробар аст. Ин пул ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ва музофоти Хоҳони Афғонистонро ба ҳам мепайвандад.

Лоиҳа аз ҷониби Бунёди Оғохон бо дастгирии молиявии ҳукумати Олмон тавассути агентии KFW амалӣ мегардад.

Шоми имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ва шоҳзода Оғохон ба Душанбе бармегарданд. Онҳо пагоҳ дар маросими пуршукӯҳи ифтитоҳи меҳмонхонаи панҷситорадори «Душанбе Серена» ширкат хоҳанд варзид.

Дар AKDN изҳор карданд, ки меҳмонхонаи мазкур дорои 95 ҳуҷра буда, аз фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе дар масофаи 10 дақиқаи ҳаракат ва дар маркази пойтахт воқеъ аст. Барои сохтмони меҳмонхонаи мазкур 58 млн. доллари ИМА масраф шудааст.