Зимни суханронӣ дар Конфронси Истанбул оид ба Афғонистон таҳти унвони «Амният ва ҳамкорӣ дар Қалби Осиё» вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ изҳор кард, ки ҷалби Афғонистон ба раванди ҳамгироии минтақавӣ аз тариқи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо кишварҳои ҳамсоя омили муҳими таъмини устувории рушди иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад.

«Мо боварӣ дорем, Конфронси панҷуми ҳамкориҳoи иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCА V), ки 26-27 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе зери сарпарастии ташаббуси Роҳи Нави Абрешим барпо мегардад ва дар ҳошияи он анҷумани соҳибкорон ва ҳамоиши олимону муҳаққиқон сурат мегирад саҳми арзандае ба ин раванд хоҳад гузошт», - гуфт ӯ.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Ҳамрохон Зарифӣ таъкид кард, ки Тоҷикистон татбиқи тамоми лоиҳаҳои инфрасохтории минтақавиро дар соҳаҳои коммуникатсия ва нақлиёт, ки Афғонистонро дарбар мегиранд, пуштибонӣ менамояд. Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ва Афғонистонро панҷ пули автомобилгард аз болои дарёи Панҷ бо ҳам мепайвандад, сохтмони як пул дар ноҳияи Шӯрообод шурӯъ шудааст, сохтмони ду пули дигар дар мавзеъҳои Кокул ва Айваҷ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зикр кард, ки роҳи оҳан байни Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистон аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ омӯхта шудааст ва ба иқдомҳои амалии мушаххас ниёзманд аст. «Ин масир дар оянда ба хати роҳи оҳани аллакай сохташудаи Ӯзбекистон-Афғонистон ва ҳамчунин ба роҳҳои дар назарбудаи Туркманистон-Афғонистон ва Эрон-Афғонистон мепайвандад. Интизор меравад, ки масири номбурда дар оянда ба чорроҳаи муҳими транзитӣ мубаддал мегардад ва гардиши молу колоро миёни кишварҳои минтақа ба маротиб зиёд карда, даромади буҷаи Афғонистонро ба миқдори қобили таваҷҷӯҳ афзун хоҳад сохт», - иброз дошт Ҳ. Зарифӣ.

Зимни суханрнӣ роҷеъ ба таъмини Афғонистон бо қувваи барқ, Х. Зариӣ изҳор кард, ки «боиси хушнудист, ки охири моҳи октябри соли равон ифтитоҳи расмии хати интиқоли барқи 220 кВ аз НОБ Сангтуда-1-и Тоҷикистон то шаҳри Пули Хумрии Афғонистон анҷом ёфт ва он имкони интиқоли қувваи барқи арзонро ба Афғонистон фароҳам меоварад».

 «Лоиҳаҳои транзитии хатҳои интиқоли барқи баландшиддатро аз тариқи Афғонистон бояд махсус зикр кард. Дар ҳоли ҳозир мо татбиқи лоиҳаи CASA-1000-ро, ки ҳалли мушкили норасоии барқ дар Афғонистону Покистон ва интиқоли қувваи барқи изофии арзонро аз Қирғизистон ва Тоҷикистон дарбар мегирад, ҳамчун муҳимтарин лоиҳа арзёбӣ мекунем ва онро байни лоиҳаҳои авлавиятдори Конфронси Истанбул ҷойгир намудем», - афзуд вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.