Дар ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ ваколатҳои депутатии Ҳаёт Одинаев ба намояндаи дигари Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, сардори бахши тарбияи ватандӯстии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳуумати ҶТ Абдураҳмон Хонов супурда шуд. Ваколатҳои Ҳ.Одинаев ҳамчун депутат пас аз таъини ӯ ба мансаби ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қатъ карда шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Комисссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ хабар доданд, Ҳ.Одинаев аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхати ҲХДТ вакили палатаи поёнии парлумон интихоб шуда буд ва пас аз қатъи ваколатҳои депутатии ӯ, бидуни баргузории интихоботи нав мандати депутатӣ ба шахсе дода мешавад, ки дар рӯйхати ҳизбӣ баъди ӯ қарор дорад.

Ҳ.Одинаев чорумин вакили парлумони аз ҲХДТ аст, ки бинобар сабаби ба вазифаи давлатӣ таъин шудан, курсии вакилиро озод менамояд. Соли гузашта парлумонро бо ҳамин сабаб се аъзои ҲХДТ – Ҳусейн Алиев, Ҷумъабой Сангинов ва Талбак Салимов тарк карданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, феълан дар сафҳои худ 150 ҳазор нафар тоҷикистониёнро муттаҳид менамояд. Раиси ҳизби мазкур сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст.