Пешвои исомилиёни ҷаҳон Карим Оғохони IV имрӯз бо сафари якрӯза аз Тоҷикистон боздид мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мушовири масъули робита бо ҷомеаи Маркази исмоилия дар Душанбе Ситора Шокамолова хабар дод, имрӯз шоҳзода Карим Оғохони IV-ро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Дар ҷараёни мулоқот баррасии як қатор лоиҳаҳои амалкунанда ва тарҳрезишудаи Созмони Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон (AKDN) дар назар аст.

Ҳамчунин дар вохӯрӣ масоили мушкилоти миллӣ ва минтақавӣ ва ҳамчунин истифодаи имконот баҳри ҳамкориву рушд мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор хоҳанд гирифт.

Дар хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ дар бораи вохӯрии қарибулвуқуъи президент бо шоҳзода Карим Оғохони IV-ро тасдиқ намуданд.