Журналист ва мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон Додоҷон Атовуллоев Русияро тарк гуфта, айни замон дар яке аз кишварҳои Аврупо қарор дорад, - иттилоъ медиҳад оҷонсии «Фергана.ру».

Ба оҷонсии мазкур номбурда гуфтааст, ахиран пайгириашро мушоҳида кардааст. «Масалан, автомобили маро ҳамеша як автомобили тамғаи «Форд» таҳти идораи марди симои осиёидошта пайгирӣ намуда, ҳамчунин назди бинои истиқоматиам муддати чанд рӯз ду шахси ношиносеро мушоҳида кардаанд, ки гоҳ-гоҳ ба даромадгоҳи манзили ман ворид мешудаанд ва ғайра», - изҳор доштааст ӯ ба хабаргузорӣ.

Хабаргузорӣ зикр менамояд, ки дар Маскав мондани Атовуллоев бехатар набуд, зеро аксаран бар ин гумон буданд, ки ӯро бо мусоидати (ё аз фориғболии) мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба гунаи Низомхон Ҷӯраев хадамоти махсуси Тоҷикистон метавонистанд «бидузданд».

Бо мақсади таъмини амнияти Атовуллоев журналистон ва дӯстонаш ӯро то фурудгоҳ гусел кардаанд. Гуфта мешавад, феълан макони будубоши Атовуллоев бехатар буда, ояндаи наздик ӯ дар яке аз дармонгоҳҳои аврупоӣ ба табобат мепардозад.

Ёдрас мекунем, ки 12-уми январи соли равон ба ҷони Атовуллоев суиқасд ташкил гардида, ӯ аз захми корд ҷароҳат бардошт. Танҳо ба туфайли саривақт расидани мошини «Ёрии таъҷилӣ» ва маҳорати касбии ҷарроҳони Донишкадаи Ёрии таъҷилии ба номи Склифосовский, наҷоти журналист муяссар гардид. Аксари коршиносон ин суиқасдро ба фаъолияти Атовуллоев, ки зидди ҳукумати кунунии Тоҷикистон аст, нисбат медиҳанд.