Чанде қабл дар пойтахти Украина – шаҳри Киев бахшида ба 20-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Украина таҳти унвони «Тоҷикистону Украина дар фазои Авруосиёӣ. Намунаи муколама» конфронси байнулмилалӣ доир гардид.

Конфронси мазкур аз ҷониби сафорати Тоҷикистон дар Украина ва Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко созмон дода шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сафорати ҶТ дар Украина, дар кори конфронс роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ, намояндагони Вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳо, кормандони вазорату идораҳои дахлдори Украина, олимону нависандагон, арбобони илму фарҳанг, донишҷӯён, аҳли ҷомеа, намояндагони диаспораҳои тоҷикион ва рӯзноманигорон ширкат варзидаанд.

Иштирокчиёни конфронс зикр карданд, ки тӯли солҳои сипаришуда миёни Украинаву Тоҷикистон ҳамкориҳои судманди иқтисодиву фарҳангӣ ва илмӣ ба роҳ монда шуда, робита миёни минтақаҳо ва корхонаҳои истеҳсолии кишварҳо дар ҳоли густаришанд.

Дар ҳамин ҳол, таъкид шуд, ки миёни кишварҳо муносибатҳои бовариноку боэътимод роҳандозӣ шуда, дар баррасиву ҳалли масоили муҳими сиёсати байнулмилалӣ ҳамеша ҳусни тафоҳум ҳосил мегардад.