Коршиноси масоили захоири обӣ Баҳром Ғаффоров, ки Тоҷикистонро дар кори Форуми VI-уми ҷаҳонии об дар шаҳри Марсел (Фаронса, 12-17-уми март) намояндагӣ кард, иттилои хадамоти матбуоти Ҳаракати экологии Ӯзбекистон перомуни аз ҷониби Форуми ҷаҳонии об дастгирӣ шудани мавқеи Ӯзбекистон бобати лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун»-ро носаҳеҳ ва бидуни эътимоду ғайриҳирфаӣ арзёбӣ кард.

Ин иттилоъ дар сомонаи хабаргузории Regnum санаи 18-уми апрел таҳти унвони «Форуми ҷаҳонии об аз мавқеи Ӯзбекистон дар мавриди лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун» пуштибонӣ намуд» ба табъ расид.

Ғаффоров дар робита ба ин масъала гуфт, Форуми ҷаҳонии об як рӯйдоди иҷтимоии глобалӣ будаву ҳадафи баргузории он огаҳии бештар пайдо кардан аз мушкилоти глобалии об дар саросари дунё аст. «Форум чорабинии сиёсӣ набуда, дар он ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри баррасии ва роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷудаи об гирдиҳам меоянд», - иброз дошт коршинос.

Ба қавли вай, дар саросари дунё 263 ҳавзаи фаромарзии рӯдхонаҳо мавҷуданд, ки тайи 50 соли ахир ба сар задани беш аз 500 ихтилофоти «обӣ» боис шудаанд ва 21 маротиба ин мушкилот ба зиддиятҳои низомӣ оварда расонидааст. «Аз ин рӯ, мутмаинона метавон гуфт, ки пуштибонии мавқеи яке аз ҷонибҳо дар форумҳои ба ин монанд аз нигоҳи дипломатӣ номатлуб буда воқеъгароёна нест ва дар партави раванди ҷаҳонишавии муосир ғайриимкон аст», - изҳор кард коршинос.

Ғайр аз ин, идома дод коршинос, дар форуми зикршуда ҳамагӣ ду чорабинӣ – иҷлосияи иттилоотӣ ва мизи гирди сатҳи олӣ доир гардида, дар он вазири мелиоратсия ва захираҳои обии Тоҷикистон изҳор дошт, ки Тоҷикистон оид ба масоили мушкилоти об ҳамеша ба муколамаву гуфтушунид омода аст.

«Ҳайати Ӯзбекистон бо маърӯзаи седақиқагӣ иктифо карда, аммо ҳеҷ яке аз пешниҳодоти матни он дар асноди натиҷавии форум таҷассум наёфт. Агар ошкоро бигӯем, маърӯзаи ҳайати кишвари ҳамсояи нисбат ба маърӯзаҳои ҳайатҳои дигар хеле одиву ночиз буд», - афзуд номбурда.