Чанде қабл созмони сиёсии Ҷунбиши Миллии Тоҷикистон (ҶМТ) барои қайди расмӣ дар Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зарурӣ ирсол намуд.

Тавре дар иттилоияи интишоршудаи созмон гуфта мешавад, моҳи феврали соли равон гуруҳе аз Тоҷикони муқими хориҷа аз ташкили чунин созмони сиёсӣ хабар дода буданд, ки мақсади он таҳкими раванди демокросӣ ва таъмини шаффофияти интихоботи раисҷумҳурӣ 2013 дар Тоҷикистон аст.

Дар ин муддат барномаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҶМТ барои рушди мукаммал ва босуръати Тоҷикистон дар солҳои 2013-2020 мавриди баҳсу мунозираҳо дар ҷомеа қарор гирифтанд ва пешниҳодҳои ҷолиб барои такмили барномаҳо қабул гаштанд.

Инчунин, ҶМТ бо ҳизбу ҳаракатҳои гуногун дар дохил ва хориҷи кишвар машварату ҳамкорӣ намуда, оид ба таъсиси эътилоф (коалитсия) ва пешбарии номзади ягона барои интихоботи раисҷумҳурӣ 2013 тасмимҳо гирифт.

Қарор аст, ки якҷо бо ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои байналмиллалии мухталиф ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон муроҷиатнома навишта шавад, ки дар он аз у даъват мешавад то бо эҳтиром ба Сарқонуни Тоҷикистон ва эътирофи арзишҳои демокросӣ номзадии худро дар интихоботи раисҷумҳурӣ соли оянда пешбарӣ накунад.

Раҳбарияти ҶМТ, ки дар он ҷавонони коршинос ба монанди Қиёмиддин Шоев, Ботур Қосимӣ ва Хушруз Аблусамиев шомил ҳастанд барои табдили созмон ба ҳизби сиёсӣ ва пешбарии номзадҳои арзанда дар саҳнаи сиёсии кишвар ҳоло кушишҳо ба харҷ медиҳанд.

ҶМТ талош дорад, ки бо истифода аз ҳамаи роҳҳои қонунӣ ва осоишта аз ҳукумати бардавоми як нафар, ки дақиқан низоми диктаторӣ ҳисобида мешавад, пешгирӣ карда шавад ва сохтори ҳақиқатан демокросиву дунявӣ ва иқтисоди озоду одил дар Тоҷикистон ташаккул гардад.

Созмон бо шиори «Ростиву талаби ҳақ моро ба пирузӣ расонад» амал мекунад.