Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон имрӯз изҳоротеро пахш намуд, ки дар он куштори оммавии мусалмонон дар Мянмар қотеъона маҳкум карда мешавад.

Дар изҳороти Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз СММ даъват ба амал оварда мешавад, ки аз қатлу куштор ва таҷовузу шиканҷа дар Мянмар пешгирӣ шуда, ҳуқуқи ақаллиятҳои мусалмони бумии ин кишвар ҳифз ва аз ҳуввияти онҳо ҳамчун шаҳрванди ин кишвар дифоъ гардад.

«Дархост мекунем, ки бо роҳи фишор овардан ба ҳокимони диктотури Мянмар, онҳоро маҷбур ба риояи ҳуқуқи шаҳрвандию сиёсии мусалмонон намуда, ба идомаи ҷиноёти зидди башарии давлати Бирма хотима бахшида шавад», - зикр мегардад дар изҳорот.

Дар изҳорот гуфта мешавад, мувофиқи манбаъҳои расмӣ, аз 10-уми июни соли ҷорӣ то ин дам беш аз 20 ҳазор нафар дар Мянмар кушта шуда, беш аз 90 ҳазор мусулмон дар аксари ҳамлаҳои будоиён овора ва 17 қаряи мусулмоннишин сухта ва вайрон шудааст. Беш аз 5 ҳазор зан ва духтари мусалмон мавриди таҷовуз қарор гирифта, 30 ҳазор нафар нопадид гардидаанд. Даҳҳо масҷид ва ҳазорҳо нусхаи Қуръони карим ва дигар китобҳои арзишманду таърихӣ сӯзонда шудаанд.