Имсол Эмомалӣ Раҳмон дар порлумони кишвар паём намедиҳад. Паёми  раисҷумҳури Тоҷикистон ба порлумон дар назар аст, ки моҳи январи соли 2021 сурат бигирад, мегӯяд як манбаъ ба "Азия-Плюс" аз ҳукумати кишвар.

Бояд гуфт, ки сар аз соли 2015 ба ин сӯ, президенти кишвар охирҳои моҳи декабри ҳар сол паёми худро ба Маҷлиси Олии кишвар ироа мекард. 

Ба гуфтаи манбаъ, далели ба моҳи январ вогузор кардани замони ироаи паём ба он вобаста аст, ки дар моҳи январи 2021 ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат сурат мегирад, ки дар он аз соли гузашта натиҷагирӣ ва ҳамчунин барномаву ҳадафҳои соли нав баррасӣ мешаванд. 

Паёми президент ва ҷаласаи ҷамъбастӣ пайи ҳам дар фосилаи як ду рӯз баргузор мешаванд. 

Раисҷумҳури Тоҷикистон замони ироаи паёми худ, маъмулан самтҳои асосии сиёстаи дохилуву хориҷро мушаххас мекунад. 

Ҳамасола ба ҷуз вакилону аъзои Маҷлиси Олӣ, ҳамчунин  раҳбарони вилояту шаҳру ноҳияҳо, вазорату ниҳодҳои кишвар, ходимони илму фарҳанг, намояндаҳои дипломатии муқими кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ низ даъват мешаванд. 

Кормандони ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ, донишҷӯёни донишгоҳҳо ва хонандаҳои синфҳои болоии мактабҳо ҳамсола паёми Эмомалӣ Раҳмонро дар толорҳои муассисаҳояшон гӯш мекунанд. 

Ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизиониву радиоии кишвар маросими ироаи паёмро ба таври зинда нашр мекунанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.