Эмомалӣ Раҳмон бо як қарори худ як муовини вазири саноат ва чор муовини Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро имрӯз, якуми феврали соли 2021 таъину барканор кард. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар идомаи тағйироти кадрӣ Билолзода Фарҳод муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон Умарзода Улуғбек Хуҷаро муовини якум ва Файзуллозода Нусратулло Қудратулло, ва Каримзода Абдураҳмон Раҳимро муовинони раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин кардааст.
Нусратулло Файзуллозода то ин вақт дар мақоми сардори хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.
Бо як қарори дигари раиси Ҳукумати Тоҷикистон Раҳматуллозода Шаҳноз Ибодулло аз вазифаи муовинони раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон барканор шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Сарбозони дар артиши Тоҷикистон зарардида чӣ гуна ҷуброн метавонанд дастрас кунанд?
Имсол дар Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста