Душанбе. 17-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири ҳамкории байнулмилалии давлати Қатар Холид ибни Муҳаммад ал-Атия ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Қатар дар ҳоли густариши рӯзафзун қарор дошта, торафт таҳким меёбанд ва муносиботи сарварони кишварҳоро метавон чун бародарона арзёбӣ намуд.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни мулоқот масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ҷалби сармоягузории Қатар ба иқтисоди Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Вазири ҳамкории байнулмилалии Қатар зикр кард, ки Қатар ният дорад дар Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои сармоягузориро амалӣ созад. «Кишвари мо ният дорад, дар Тоҷикистон масҷид ва меҳмонхонаи бузургтарин дар қаламрави Осиёи Марказиро бунёд сохта, инчунин як қатор лоиҳаҳои сохтмониро татбиқ намояд», - гуфт ӯ ва афзуд, ки то ҳанӯз ҳаҷми маблағгузориҳо ба ин лоиҳаҳо муайян карда нашудаанд, зеро феълан асноди марбут ба лоиҳаҳо дар ҳоли омӯзиш қарор дошта, пас аз 2-3 моҳ тамоми ҷузъиёти он маълум хоҳад шуд.
Сарбозони дар артиши Тоҷикистон зарардида чӣ гуна ҷуброн метавонанд дастрас кунанд?
Имсол дар Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста