Душанбе. 19-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Бо қарори Ҳукумати мамлакат имрӯз собиқ роҳбари маркази татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» - Санъат Раҳимов раиси ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» таъин гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ширкат - Нозир Ёдгорӣ хабар дод, имрӯз сарвазири мамлакат - Оқил Оқилов роҳбари навро ба ҳайати кормандони «Барқи тоҷик» муаррифӣ намуд.

Манбаъ ҳамчунин гуфт, ки имрӯз бо қарорҳои дигари ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамаи 6 тан аз муовинони раиси ширкати холдингӣ аз вазифа озод карда шуданд.

Ёдрас менамоем, дар маҷлиси васеи ҳукумати ҷумҳурӣ, ки рӯзҳои 15-16-уми январ баргузор гардид, президенти кишвар - Эмомалӣ Раҳмон барои роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти роҳбарию идорӣ раиси ширкати «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиевро аз вазифа сабукдӯш намуд.