Чанде қабл раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор дар бораи рӯзи 15-уми декабри соли равон даъват кардани иҷлосияи ҳафтуми палатаи болоии парлумони кишварро ба имзо расонид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси палатаи болоии парлумон Шавкат Саидов хабар дод, дар иҷлосия баррасии Қонуни ҶТ «Дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳамчунин ворид сохтани тағйиру илова ба қонунҳо «Дар бораи милитсия», «Дар бораи Гвардияи миллии Тоҷикистон», «Дар бораи реклама», «Дар бораи коррупсия» ва дигар асноди қонунгузории қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулшуда ба нақша гирифта шудааст.