Интизорӣ меравад, ки рӯзҳои наздик президенти Тоҷикистон фармон дар бораи афви иштирокчиёни даргириҳои низомӣ дар Хоруғро ба имзо мерасонад.

Бино ба иттилои хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз шаҳри Хоруғ, зимни гуфтушуниди навбатӣ миёни намояндагони Душанбеи расмӣ ва роҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ чунин созиш ба даст омадааст.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки танҳо Толиб Айёмбеков ва ду нафари дигар, ки мустақиман дар қатли генерал Абдулло Назаров гунаҳкоранд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Боз ду нафаре, ки шоҳиди содир гардидани ин ҷиноят шудаанд, мавриди афв қарор хоҳанд гирифт.

Ҳамчунин пешакӣ тавофуқ ҳосил шудааст, ки аз ҳисоби аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи Имомназар Имомназаров, Ёдгор Мамадасламов, Мамадбоқир Мамадбоқиров ва Толиб Айёмбеков гвардияи махсусе таъсис дода хоҳад шуд, ки баҳри таъмини амният дар ВМКБ бо сохторҳои ҳукуматӣ ҳамкорӣ мекунад.

«Ҳуҷҷатҳои дахлдор дар ин хусусро мо омодаем, ки танҳо дар ҳузури намояндагони Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва кафолати ин созмон дар бораи иҷрои тамоми шартҳои ин аснод ба имзо расонем, - гуфт дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» И. Имомназаров. – Намояндагони ҳукумат ба мо ваъда доданд, ки бо оғози супурдани аслиҳа онҳо ба хурӯҷи нерӯҳо аз қаламрави вилоят шурӯъ мекунанд, вале ҳарчанд аллакай аслиҳаи зиёде таслим шуда бошад ҳам, онҳо ба ин амал даст назадаанд».