Вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев бо натиҷагирӣ аз ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия изҳор кард, ки таҳдиди бештар ба амнияти Русияву Тоҷикистон дар фаъолияти ҳадафноки ифротгароӣ ифода меёбад, ки ба бо роҳи зӯроварӣ иваз кардани сохтани конститутсионӣ ё ғасби ҳокимият ва бо ин мақсад барангехтани низои иҷтимоиву этникӣ ва мазҳабӣ равона шудааст.

«Амалҳои террористии соли ҷорӣ дар Қафқози Шимолӣ, таркишҳо моҳи июл дар Қазон ва рӯйдодҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки талафоти ҷонӣ дар пай доштанд, ин хулосаро тасдиқ месозанд», - гуфт ӯ.

Колоколтсев ҳамчунин ба мушкилоти мубориза бо гурӯҳҳои ҷиноятпешаи фаромиллӣ, ки дар қаламрави ҳарду кишвар амал мекунанд, низ таваҷҷуҳ зоҳир кард. «Соли гузашта дар Русия барои содир намудани ҷиноёти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҳудуди 110 ҳазор нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуданд, ки 968 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд ва 133 тан аз онҳо ба ин ҷиноятҳо дар ҳайати гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша даст задаанд», - зикр кард ӯ.

Вазири корҳои дохилии Русия табодули мунтазами маълумот дар бораи вазъи маводи мухаддир, афроди дар ин амалҳо дастдоштаро таъкид намуда, изҳор кард, ки ахиран шаҳрвандони тоҷик ба ҳайати гурӯҳҳое шомиланд, ки фаъолияти ҳамдиёрони худро зери назорат гирифтанианд, яъне як қисмати маблағи меҳнаташонро ба онҳо бояд супоранд.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов низ ба мушкилоти ҷойдоштаи муҳоҷирати корӣ таваҷҷуҳ зоҳир сохта, изҳор намуд, ки аз ҷумла имконоти муҳайё сохтани шароитҳои мусоиди ҳуқуқӣ барои муҳоҷирон дар қаламрави кишварҳо тавассути тамдиди муҳлати бақайдгирӣ ва амали иҷозатнома барои кор баррасӣ шуданд.

Дар робита ба масъалаи ҳамкории муштараки вазоратҳо Рамазон Раҳимов пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби сохторҳои ҷиноятпеша ва табодули маълумотро зарур донист.

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа қарорҳои дахлдор ба имзо расида, Нақшаи кории Ҳайати мушовараи муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳо тасдиқ ва протоколи ҷаласа қабул шуд.