Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа изҳор кардааст, ки низомиёни пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар пароканда кардани ё пешгирии намоишҳои эътирозӣ дар Хоруғ дар сурати такрор шудани онҳо истифода нахоҳанд шуд.
«Ман инро комилан аз эҳтимол дур медонам, зеро воҳидҳои низомии пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия баҳри мусоидат ба Тоҷикистон ҷиҳати рафъи таҳдидҳо аз хориҷи кишвар таъин шудаанд», - гуфтааст ӯ дар мусоҳиба газетаи «Московские новости».
Бордюжа зикр кардааст, ки дар ҳеҷ кадоме аз созишномаҳои байнидавлатӣ шартҳоеро надидааст, ки ҷалби низомиёни Русия ба мушкилоти дохилии Тоҷикистонро дар назар дошта бошанд. «Умедворам, ки чораҳои андешидаи президенти Тоҷикистон дигар ба такрори ташаннуҷи авзоъ дар Хоруғ роҳ намедиҳанд», - иброз доштааст дабири кулли СААД.
Маврид ба ёдоварист, ки тобистони соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як қатор намоишҳои эътирозӣ алайҳи ҳукумат сурат гирифтанд. Аҳолӣ аксаран аз собиқ қумондонҳои саҳроӣ ҷонибдорӣ мекарданд ва баҳри ба субот овардани вазъ дар Хоруғ, амалиёти махсуси нерӯҳои ҳукумат оғоз гардид.
Бино ба маълумоти расмӣ, дар ҷараёни амалиёт 30 тан аз ҷангиён куштаву беш аз 40 нафарашон дастгир шуданд. Талафоти нерӯҳои ҳукумат 17 куштаву 40 захмиро ташкил дод.
Сарбозони дар артиши Тоҷикистон зарардида чӣ гуна ҷуброн метавонанд дастрас кунанд?
Имсол дар Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста