Дар робита ба шарҳу тавзеҳи ҳоодисаи чанде қабл бо ҳавопаймои Боинг 737-700 рухдода имрӯз ширкати ҳавопаймоии «Тоҷк Эйр» нишасти хабарӣ доир намуд.
«Пас аз ошкор гардидани камбуди кори низоми нигоҳдории баландӣ, шоми 9-уми феврал ҳавопаймо бидуни хавфе ба майдони ҳавоии Душанбе фуруд омада, ҳамаи 136 нафар мусофирони хатсайр бо ҳавопаймои ҳамин навъи ширкат ба пойтахти Русия парвоз карданд», - изҳор кард дар ҷамъи рӯзноманигорон мудири кулли ҶСК «Тоҷик Эйр» Фирӯз Ҳамроев.
Ба қавли ӯ, дар баландии на зиёдтар аз 4,2 км низоми нигоҳдории баландии ҳавопаймо огаҳ намудааст, ки гузаштан ба баландии минбаъда ғайриимкон аст ва ҳарчанд сардори ҳайати ронандагӣ як қатор чораҳо андешида бошад ҳам, он самар надодааст ва аз ин рӯ, тасмим гирифта шудааст, ки баъди 4 соати парвоз ҳавопаймо пас аз сӯзонидани миқдори зарурии сӯзишворӣ ба фурудгоҳ баргардонида шавад.
«Ин ҳавопаймои Боинг-737-300-и ширкат 15 сол дошта, бор нахуст аст, ки дар низоми кориаш нуқсон ба мушоҳида мерасад. Мо камбудии низоми онро бартарф сохта, ба кор омода месозем. Аз рӯи ин ҳавопаймо мо тамоми пардохтҳои лизингиро анҷом дода, он пурра ба моликияти ширкат гузашт», - афзуд номбурда.
Сарбозони дар артиши Тоҷикистон зарардида чӣ гуна ҷуброн метавонанд дастрас кунанд?
Имсол дар Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста