Дар  Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрӣ бо ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии ҶИА баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, дар рафти вохӯрӣ ҳайати вазорат ба Директори Агентӣ генерал-лейтенанти  милитсия  Р. Назаров намояндагони ваколатдори ВКД ҶИА (афсарони алоқаи навтаъиншуда)-ро муаррифӣ намуданд, ки онҳо дар асоси Созишномаи байни мақомотҳои зиддимухадииротии Афғонистон ва Тоҷикистон ва инчунин баҳри амалӣ гардидани қарорҳои қабулшуда ҳангоми вохӯрии роҳбарияти мақомоти зиддимухаддиротии ду кишвар таъин гаштаанд.

Гуфта мешавад, тарафҳо масъалаҳои ҳамкории якҷояи ду мақомоти зиддимухаддиротиро дар самти муобориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар  баррасӣ намуданд.Мақсади асосии фаъолияти муштарак  ин пурзӯр намудани муқовимат дар масъалаҳои таъмин намудани амният дар ҳудудҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Афғонистон  ва таҳияи нақшаҳои якҷоя бар зидди гурӯҳҳои мутташакили ҷиноятӣ  ба шумор меравад.