Дар доираи ҷамъомади тобистонаи воҳидҳои артиллерии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон тамринҳои тактикии махсус бо тирандозӣ доир гардид.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбӣ, воҳидҳои артиллерӣ ҳамроҳ бо ротаи дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин методикаи амалҳои муштарак оид ба дарёфт ва нобуд кардани ҳадафҳои бузургҳаҷмро мавриди омӯзишу таҷриба қарор доданд.

Ба ин тамринҳо, ки дар машқгоҳи Лоҳур баргузор шуд, муддати як моҳ омодагӣ гирифта шуда, ба он беш аз 800 нафар ҳайати шахсӣ ва наздики 100 адад намунаи силоҳу техникаи ҳарбӣ сафарбар шуд.