Душанбе. 22-юми август. «Азия-Плюс»- /Аваз Юлдошев/ — Шурӯъ аз 25-уми августи соли равон майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе шабона баста мешавад. Майдони мазкур ба гузашти низомӣ, ки ба муносибати таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ доир мегардад, омода карда мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии шӯъбаи БДА-и РКД-и шаҳри Душанбе подполовники милиса Шерафган Латифов хабар дод, ҳаракати нақлиёт дар майдон дар давоми рӯзҳои аз 25-уми август то 5-уми сентябр аз соати 18 то 22 манъ карда мешавад.

«Ҳаракати нақлиёт дар қитъаи роҳи хиёбони Рӯдакӣ, шурӯъ аз буриши кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ то майдони «800-солагии Маскав» дар соати зикршуда баста мешавад», - гуфт ӯ.

Номбурда афзуд, шабона дар майдон машқу тамринҳои гузашти низомӣ баргузор мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки ба муносибати таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли ҷумҳурӣ бо иштироки беш аз 10 ҳазор афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузашти низомии пуршукӯҳ доир мегардад.

Дар гузашт ҳамчунин воҳидҳои Гвардияи миллӣ, Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия ва ҷузъу томҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ низ ширкат хоҳанд варзид.

Ба гузашти низомӣ сардори гарнизони Душанбе генерал-майор Латиф Файзиев фармондеҳӣ карда, онро вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Хайруллоев қабул хоҳад намуд.

Ғайр аз ин, ба муносибати таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли ҷумҳурӣ дар тамоми марказҳои маъмурии вилоятҳо гузаштҳо баргузор мешаванд, ки дар онҳо то 1 ҳазор нафар афсарону сарбозони гарнизонҳои ҳарбии маҳаллӣ иштирок мекунанд.