Муовини Дабири кулли СММ Ребека Гринспен 17 август озими шаҳри Кӯлоб шуд. Мавсуф барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки 20-21 августи 2013 дар Душанбе баргузор мегардад, ба Тоҷикистон ташриф овардааст.

Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» раҳбари дафтари Барномаи рушди СММ дар шаҳри Кӯлоб Абдулло Гулов иттилоъ дод, сафари меҳмони воломақом беҳуда нест.

Ба қавли ӯ, дар давоми 17 соли фаъолияти ин дафтар дар Кӯлоб, тавассути Барномаи рушди СММ беш аз 500 лоиҳа ва тарҳҳои муштарак дар минтақаи Кӯлоб ба маблағи умумии бешт аз 10 миллион доллар татбиқ шудаанд.

Мавсуф зикр кард, ки Гринспен аз корхонаи бетонмайдакунӣ шахсан боздид мекунад. Номбурда ҳамчунин афзуд, ки зимни вохурӣ дар дафтари UNDP иқдомоти эҳтимолии минбаъда дар минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин Гринспен бо шаҳрдори Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов доир ба лоиҳаҳои эҳтимолӣ дар соҳаи коҳиши хатароти офатҳои табиӣ ва   сарфаи об ҳам гуфтушунид анҷом доданд.

Гринспен дар ҷараёни сафараш ҳамчунин ба зиёрати мақбари файласуф ва фақеҳи бузург Мир Саид Алии Ҳамадонӣ азм кард. Лозим ба қайд аст, ки ин меҳмони воломақомро дар сафар ноиби сарвазири кишвар Руқия Қурбонова ҳамраҳӣ кард.