Ҳукумати Ҷопон баҳри беҳбуди шароити рушди соҳаҳои мухталиф дар Тоҷикистон тавассути амалӣ гардонидани лоиҳаҳои нав кӯмаки худро оғоз менамояд.

Тавре аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, санаи 9 декабри соли 2013, ҷаноби Ҳиройукӣ Имаҳашӣ, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон, созишномаҳои грантиро оид ба амалӣ гаштани 5 лоиҳаи мухталиф ба имзо расонид. Бо кӯмаки бебозгашти Ҳукумати Ҷопон панҷ лоиҳаҳои зайл аз тарафи мардуми Тоҷикистон амалӣ хоҳанд гардид:

«Лоиҳаи беҳтар гардонидани системаи оби нӯшокӣ ва оби санитарӣ дар 7 қишлоқи дурдасти Тоҷикистон», бо ҷаноби Зафар Муҳаббатов, котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон бо маблағи умумии 89,444 доллари ИМА ба имзо расида барои рушди дарозмуддати таъмини бехатарии оби нӯшокӣ дар ҳафт қишлоқи дурдасти шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Шаҳринав, Рӯдакӣ, Хуросон ва Ҳисор равона гардидааст. Фароҳам сохтани дастрасӣ ба оби тозаи нушокии кофӣ барои пешгирии касалиҳои обгузаранда, ки феълан барои мардуми маҳаллӣ хавфи ҷиддӣ доранд, мусоидат хоҳад намуд.

“Лоиҳаи барқарор намудани канали обёрӣ дар ҷамоъати “Сари Осиёб”-и ноҳияи Ховалинг”, бо ҷаноби Нурулло Мирзоев, раиси ноҳияи Ховалинг бо маблағи умумии 118,488 доллари ИМА ба имзо расонида шуд. Барқароргардонии канали асосии обёрӣ дар рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Ховалинг мусоидат менамояд. Бо барқарор гардидани канали мазкур миқдори маъсулоти кишоварзӣ зиёд гардида, шароити иқтисодии деҳқонҳои маҳаллӣ беҳтар мегардад.

“Лоиҳаи барқарор намудани шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи минтақавии ҷамоъати “Лахш”-и ноҳияи Ҷиргатол”, бо ҷаноби Зоҳир Умедхоҷа, раиси ноҳияи Ҷиргатол ба маблағи умумии 111,133 доллари ИМА ба тасвиб расид. Мақсади лоиҳа - беҳтар гардонидани шароити ҳифзи саломатӣ дар ноҳияи Ҷиргатол тавассути барқарор намудани шӯъбаи ҷарроҳӣ ва дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ мебошад. Ин лоиҳа ба беморхона имкони таъмин намудан бо хизматрасонии тиббии босифат ба шумораи зиёди беморони ноҳияи Ҷиргатол фароҳам меорад. 

“Лоиҳаи паст намудани хавфи офатҳои табии қад қади дарёи Панҷ”, бо ҷаноби Нашир Кармалӣ, директори генералии Фокус Кумаки Башардустона бо маблағи умумии 103,867 доллари ИМА имзо гардид, ки ин лоиҳа хавфи фаромадани селро паст мекунад. Бо мустаҳкамкунии соҳилҳо ва сохтани купрӯки нав сатҳи бехатарӣ дар ноҳияҳои Роштқалъа ва Шуғнон, ки дар гузашта аз фаромадани селҳо хеле зарар дидаанд, нисбатан беҳтар мегардад.

“Лоиҳаи сохтмони маркази бонувон дар ноҳияи Қумсангир”, бо хонум Зиёда Ашӯрова, директори ташкилоти ҷамъиятӣ “Моҳи Мунир” бо маблағи умумии 113,348 доллари ИМА ба тасвиб расид. Бунёди бинои алоҳида барои мустақилияти бонувон дар бунёди ҷомеаи беҳтар барои занон дар маҳаллаи мазкур мусоидат менамояд.     

Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва созмонҳои ғайридавлатии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 инҷониб барои бахши аъзами аҳолӣ 307 лоиҳаҳои кӯмаки башариро ба маблағи умумии $ 23.9 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.