Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар ҶТ имконоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва барномаи минтақавии Вилояти Мухтори яҳудиёни Русия оид ба ихтиёран ба Русия кӯчонидани ҳамватанонеро, ки дар Тоҷикистон сукунат доранд, муаррифӣ намуд.

Маросими муаррифӣ дар ҳамдастӣ бо намояндагии «Россотрудничество» дар шаҳраки Рӯдакӣ доир гардида, дар он беш аз 150 нафар ҳамватанони русиягии муқими Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Роҳбари намояндагии ХМ Русия дар ҶТ Владислав Маркевич ва сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Раёсати сиёсати дохилии Вилояти мухтори яҳудиёни Русия Сергей Баланес ба ҳозирин доир ба имконоти қабулу бо шароити зист ва ҷойи кор таъмин кардани ҳамватанон дар ин вилоят маълумоти муфассал доданд.

Бино ба маълумоти сафорати Русия дар ҶТ, намояндаи вилоят таваҷҷуҳи ҳозиринро бо барномаи ҳадафноки мусоидат ба ихтиёран кӯчонидани ҳамватанон барои солҳои 2013-2017, вазифаҳо ва мақсади барнома, шароити кӯчонидан ва имтиёзот барои афроде, ки манотиқи деҳот барои кӯчиданро интихоб мекунанд, шинос кард.

Дар маърӯзаи Маркевич ба масоили афзалиятҳо дар сиёсати муҳоҷирати Русия, ки ба ҳавасмандии ҷалби муҳоҷирони соҳибтахассус, ки ба анъанаҳои миллӣ ва фарҳанги Русия эҳтиром мегузоранд, таваҷҷуҳ зоҳир шуд.