Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии комиссияи экологии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ доир гардид.

Дар ҷаласа масоили марбут ба вазъи экологӣ дар кишвар, иштироки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар баррасии мушкилоти экологӣ, лоиҳаҳои қонунҳои ҶТ «Дар бораи стратегияи экологӣ» ва «Дар бораи таъсири ба муҳити зист» баррасӣ шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар қатори ваиклони палатаи поёнии парлумон дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ низ ширкат варзиданд.

«Зимни суханронӣ доир ба ин масъала роҳбари комиссияи экологии парлумон Муҳаммадшариф Ҳақдодов таваҷҷуҳи ҳозиринро ба беҳбуди фарҳанги экологии аҳолӣ ва қабули асноди меъёриву ҳуқуқии зарурӣ дар ин самт ҷалб намуд», - зикр кард Султонов.

Ба гуфтаи номбурда, иштирокчиёни ҷаласа ба хулосаи ягона расиданд, ки таҳияи лоиҳаи қонун дар ҷумҳурӣ оид ба иштироки аҳолӣ дар ҳалли мушкилоти марбут ба ҳифзи муҳити зист зарур аст.