Ба Фотима Сулаймоноваи 65-сола, зани дарвозие, ки суҳбаташ дар моҳи октябр ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Дарвоз дар шабакаҳои иҷтимоӣ пурвокуниш шуд, дар даври ҷумҳурявии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ" 5000 сомонӣ ҷоиза додаанд.
Ин ҷоиза ба Фотима Сулаймонова, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи холаи Фотима маъмул шуд, аз номи президенти Тоҷикистон тақдим шудааст.
Дафтари матбуоти Вазорати маориф мегӯяд, ки дар баробари холаи Фотима ҳамчунин ба 39 нафар ширкаткунандаи фаъоли ин озмун низ аз номи раисҷумҳур 5000-сомонӣ ҳадя шудааст. Ҳамчунин ба гуфтаи ин ниҳод ба 20 ширкаткунандаи фаъоли дигар низ 2000 сомонӣ аз сӯйи Вазорати маориф тақдим шудааст.
Холаи Фотима дар бахши адабиёти муосир дар ин озмун довталаб буд, ки ҳарчанд ба гирифтани мақоме сазовор нашудааст, вале ҳамчун ширкаткунандаи фаъол 5000 сомонӣ ҷоиза бурдааст.
Ҳамчунин ба 21 нафар падару модари ғолибони озмун низ нишони “Маърифатпарвар” эҳдо шудааст.
Маросими ҷамъбастии озмун ва тақдими туҳфаҳо ба ғолибон соати 15:00 имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки холаи Фотима ҳангоми суханронӣ дар ҳузури раисҷумҳур дар Дарвоз ба коркардҳои Эмомалӣ Раҳмон баҳогузории баланд карда, ба шеваи маҳаллӣ гуфта буд, ки “Дшамбӣ сохти Париж шияст” ва ҳамин тариқ чанд дақиқа бо расиҷумҳур сӯҳбатҳои шӯхиомез карда буд. Баъдан навори суханронии ӯ дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва ҳаводорони зиёд дошт.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Сарбозони дар артиши Тоҷикистон зарардида чӣ гуна ҷуброн метавонанд дастрас кунанд?
Имсол дар Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста