Замира Кимсанова зодаи шаҳри Исфараи вилояти Суғд аст ва ҳоло дар шаҳри Анталияи Туркия ба ҳайси мушовири байналмилалии яке аз ширкатҳои пурнуфузи сайёҳӣ фаъолият мекунад. Ӯ миёни тоҷикони муқими Туркия соҳиби эҳтироми хосса буда, яке аз тоҷикони муваффақ дониста мешавад.

Барои соҳиби чунин мақом гардидан ва муваффақ шудан ӯ роҳи дарози пуршебу фарозро тай кардааст.

Ҷопон – хушбахтие, ки ба ёд оварданаш душвор аст

Замира Кимсанова қабл аз ба Туркия рафтан, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм карда, дар ватан ба шавҳар баромадааст ва як ҷо бо шавҳараш 12  сол дар бахши обёрии кишвар фаъолият намудааст.

“Соли 2014 шавҳарам ба яке аз донишгоҳҳои давлати Ҷопон дохил шуд ва таҳсилро оғоз намуд. Мо оилавӣ ба ин давлат сафар кардем ва он ҷо зиндагиро ихтиёр намудем. Вақте шавҳарам таҳсил мекарданд, ман ва фарзандонам ба омӯхтани забони ҷопонӣ машғул шудем”, - мегӯяд Замира Кимсанова.

Соли 2015 онҳо ба ватан бармегарданд. Нақшаҳои зиёд барои минбаъда, аз ҷумла доир ба таҳсили фарзандон мекашанд. Соли 2020 шавҳари Замира бори дигар ба Ҷопон сафар мекунад ва дар он ҷо ба сактаи қалб гирифтор шуда, мефавтад.

“Ҷопон кишвари зебо аст, мо ҳам он ҷо зиндагии хуш доштем, аммо пас аз марги саробони оила, аз он рӯзҳо фақат хотираҳои нек дар зеҳнамон боқӣ мондаасту халос.

Замира Кимсанова бо шавҳараш дар Ҷопон

Фарзандон дар ҷустуҷӯи роҳи падар

Замира мегӯяд, шавҳараш ҳамеша орзуи соҳибилм шудани фарзандонро дошт, аз ин лиҳоз, баъди марги ӯ, талош дорад орзуи шавҳарашро амалӣ кунад.

Ҳоло фарзанди бузурги Замира дар Донишгоҳи байналмилалии Ҷопон дар бахши муносибати байналмилалӣ таҳсил мекунад. Фарзанди дуюмаш Донишгоҳи Билими шаҳри Анталияи Туркия интихоб кардааст.

“Баъди ба Донишгоҳи Билими шаҳри Анталия дохил шудани духтарам, ба хулосае омадам, ки ба назди ӯ равам. Чун ӯ духтар аст ва таҳсилу тарбияи духтар бисёр нозук мебошад. Аз ин лиҳоз, писари хурдиамро гирифтаму ба назди духтари калонӣ ба Туркия рафтам. Писари хурдӣ ҳам ба коллеҷи ин шаҳр дохил шуд ва мо ин ҷо мондем”, - мегӯяд Замира.

Писари Замира Кимсанова дар Ҷопон

Муаррифи Тоҷикистон дар Туркия

Замира мегӯяд, барои як зан таъмини таҳсили шоистаи фарзандон дар донишгоҳҳои хориҷӣ ва зиндагии онҳо кори осон нест, аммо модар барои хушбахтии фарзанди хеш ба ҳар кор қодир аст.

“Соли аввали зиндагӣ дар Туркия бароям хеле мушкил буд. Чун барои таҳсили фарзандон, зиндагӣ ва иҷораи хона маблағи зиёд сарф мешуд. Танҳо барои ояндаи хушбахти фарзандон ин ҳама душвориҳоро паси сар кардаву кор мекардам”, - зикр мекунад Замира.

Ӯ дар як муддати кӯтоҳ забони туркиро омӯхт ва ҳамчунин, ба ҷамъияти тоҷикони Анталия робитаро ба роҳ монд. Ӯ ба чорабиниҳои ин ҷамъият даъват мешуд ва бо ҳамватанону туркони касбу кори гуногун шинос шуд. Ин ба Замира кӯмак намуд, ки ба зиндагӣ дар давлатӣ бегона тезтар одат кунад.

“Дар чорабиниҳое, ки ташкил мешуд, иштирок мекардам ва масъулиятҳоеро ҳам дар ин ҷамъият ба зимма доштам. Аз ҷумла, муаррифии шоистаи Тоҷикистон ва тоҷикон дар Туркия. Ин буд, ки аз ҷониби раиси шаҳри Анталия барои фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ва тақвияти равобити дӯстии халқҳо қадрдонӣ гардидам”, - иброз медорад Замира.

Замира Кимсанова бо фарзандонаш дар Туркия

“Тоҷикистонро зиёд пазмон мешавад”

Ҳоло Замира Кимсанова 42 сол дорад ва чор забони хориҷиро медонад. Дар ширкати бонуфузи туристии “Реал Шевкет Групп” ба ҳайси мушовири байналмилалӣ фаъолият мекунад.

Ӯ мегӯяд, фаъолияташ дар ин ширкат ба сайёҳӣ ва робитаи дӯстӣ бо давлатҳои Ҷопон, Ҳиндустон ва Тоҷикистон равона шудааст. Ҳамчунин, ӯ барои пешрафти соҳаи туризм ва бо кор таъмин кардани шаҳрвандону донишомӯзони Тоҷикистон дар Туркия талош мекунад.

Чандин лоиҳаҳое, ки Замира таҳияву амалӣ кардааст, барои таҳсил ва кори ҷавонони тоҷик дар Туркия ва Ҷопон мусоидат намудааст.

“Тоҷикистонро зиёд пазмон мешавад, чун сахт дӯст медорад. Аз ин лиҳоз, ҳангоми таҳияи лоиҳаҳо ҳамеша кӯшиш мекунам, Тоҷикистон ё тоҷикон низ ба он шомил шаванд. Мехоҳам дар рушди бахши сайёҳии кишварам саҳми худро гузорам”, - таъкид мекунад Замира.

Бо ҳамкорон дар ширкати сайёҳӣ

Ӯ барои онҳое, ки мехоҳанд дар давлатҳои хориҷӣ кору зиндагӣ кунанд, маслиҳат медиҳад, ки забон омӯзанд, бо фарҳангу қонунҳои он давлатҳо шинос шаванд ва онро эҳтиром кунанд.

“Муҳимтар аз ҳама, ноумеду руҳафтода набояд шуд. Дар оғоз хеле мушкил аст, вале кушишу талош ва қадами устувор гузоштан дар роҳи расидан ба ҳадаф, инсонро муваффақ мегардонад”,-хулоса мекунад Замира.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.