Дар нимсолаи аввали соли равон дар муассисаҳои савдо ва хидматрасонии Тоҷикистон тахминан ба маблағи 22 млн сомонӣ амалиёти ғайринақдӣ тариқи кортҳои пардохт ва ҳамёнҳои электронӣ анҷом дода шудааст, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ).

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022 ин нишондиҳанда 52,1% зиёдтар аст.

Маблағи умумии пардохти арзиши молу хидматрасонӣ тариқи амалиёти ғайринақдӣ 5,5 млрд сомонӣ (ҳудуди 505 млн доллар)-ро ташкил додааст, ки 83,2% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

“Ҳиссаи ҳисоббаробариҳои ғайринақдӣ ба 17% расида, зиёдшавии он дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 6 банди фоизиро ташкил дод”, - таъкид мекунанд дар Бонки миллӣ.

Бино ба маълумоти Бонки милии кишвар, шумори кортҳои бонкии нашршуда дар гардиш 5,9 млн ададро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42% зиёд шудааст.

Шумори умумии ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои қарзӣ 7,5 млн ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 млн адад ё худ 52,6% зиёдтар аст.

Дар Бонки миллии ҷумҳурӣ зикр мекунанд, ки барои хидматрасонӣ ба моликони кортҳои пардохт дар ҷумҳурӣ 1946 банкомат ва 7434 терминалҳои электронӣ гузошта шудааст.

“Ғайр аз ин, то 30 июни соли 2023 дар муасисаҳои савдо ва нуқтаҳои хидматрасонии кишвар 20051 QR-код истифода шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 5226 ё худ 35,3% бештар мебошад”, - илова кардаанд дар Бонки миллӣ.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон ва баъзе масъулини давлатӣ низ эътироф мекунанд, ки дар Тоҷикистон шароити комил барои пурра ҷорӣ кардани низоми пардохти ғайринақдӣ мавҷуд нест.

Масалан, чанде пештар Аъзам Ализода, раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ эътироф кард, ки ин ноҳияи дурдаст буда, дар он ҷо суръати интернет суст аст ва инчунин, таҷҳизоти ширкатҳои мобилӣ низ кӯҳна шудаанд.

“Дар Мастчоҳ 6 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ҳаст, ки суратҳисоб  надоранд. Ба фикри  шахсии ман муассисаҳо ва корхонаю идораҳои ноҳияи Мастчоҳ  барои гузаштан ба низоми пардохти ғайринақдӣ  омода нестанд. Бахусус, дар вақти андозсупорӣ муаммоҳо мешавад. Зеро  мардуми мо ба додани пули нақд одат кардаанд ва ба ин чиз омода нестанд”, - афзуд Аъзам Ализода.

Дар матлаби таҳиякардаи пойгоҳи иттилоотии "Кабар" низ масъалаи омодагии Тоҷикистон ба гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ба таври васе баррасӣ гардидааст, ки метавонед инҷо мутолиа кунед.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 августи соли ҷорӣ пардохти арзиши хидматрасониҳои коммуналӣ, андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ танҳо тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.