Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Мадина Отабоева буд, ки бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи қабул ва қатъ кардани ҳалномаи арбитражиро баррасӣ карданд.

 

Меъёрҳо ва тартиби қабул намудани ҳалномаҳои арбитражӣ кадомҳоянд?

Арбитраж баҳсро мувофиқи меъёрҳое баррасӣ менамояд, ки тарафҳо ба сифати ҳуқуқи татбиқшаванда нисбати моҳияти баҳс интихоб намудаанд. Ҳама гуна нишондод ба ҳуқуқ ё низоми ҳуқуқии ягон давлат бояд на ҳавола ба меъёрҳои коллизионии он, балки  бевосита ҳамчун ҳавола ба ҳуқуқи моддии ҳамон давлат маънидод карда шавад.

Ҳангоми набудани ягон нишондоди тарафҳо арбитраж ҳуқуқеро татбиқ менамояд, ки мутобиқи меъёрҳои коллизионӣ муайян шудааст ва онро татбиқшаванда меҳисобад.

Дар ҳамаи ҳолатҳо арбитраж мутобиқи шартҳои шартнома ва бо назардошти одатҳои тиҷоратие, ки нисбати ҳамин аҳд татбиқ мешаванд, ҳалнома қабул менамояд.

Ҳангоми татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ ҳайати арбитраж мазмуни меъёрҳои онро тибқи тафсири расмии он, амалияи татбиқ ва доктринаи давлати дахлдори хориҷӣ муқаррар менамояд.

Тарафҳо ӯҳдадоранд далелҳоеро пешниҳод намоянд, ки мазмуни меъёрҳои ҳуқуқи хориҷиро тасдиқ менамоянд ва ба онҳо барои асосноккунии талаботи худ ё норозигиашон истинод меоранд ва ба тарзи дигар барои муқаррар кардани мазмуни ин меъёрҳо ба ҳайати арбитраж мусоидат намоянд. 

Ҳайати арбитраж метавонад бо мақсади муқаррар кардани мазмуни меъёрҳои ҳуқуқи хориҷӣ бо тартиби муқарраргардида барои мусоидат намудан ва шарҳдиҳӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба намояндагии расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, муроҷиат намояд ё экспертонро (коршиносонро) ҷалб намояд.

Ҳайати дастҷамъонаи арбитраж ҳалномаи арбитражиро бо аксарияти овозҳо қабул менамояд. Масъалаҳои мурофиавиро арбитр-раис, агар вай аз ҷониби тарафҳо ва дигар арбитрҳо ваколатдор шуда бошад, ҳал карда метавонад.

Ҳалномаи арбитражӣ дар асоси шартҳои мувофиқанамудаи тарафҳо тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад ва бояд нишондодеро дошта бошад, ки он аз ҷониби арбитраж қабул гардидааст. Ҳалномаи арбитражӣ дар асоси шартҳои мувофиқанамудаи тарафҳо ба монанди дигар ҳалномаҳои ҳайати арбитраж оид ба моҳияти баҳс эътибори баробар дошта, бояд иҷро карда шавад.

Ҳангоми моҳиятан баррасӣ намудани баҳс арбитраж ҳалнома қабул менамояд. Ҳалномаи арбитраж қатъӣ буда, аз лаҳзаи қабул карданаш эътибори қонунӣ пайдо мекунад ва танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун аз болои он шикоят кардан мумкин аст.

Ҳалномаи арбитражӣ бояд дар шакли хаттӣ қабул карда шавад ва аз ҷониби арбитр ё ҳайати дастҷамъонаи арбитраж имзо гардад. Ҳангоми аз ҷониби ҳайати дастҷамъонаи арбитраж қабул шудани ҳалнома дар он имзои аксарияти арбитрҳо кифоя  аст, ба шарте ки сабаби набудани имзои арбитрҳои дигар нишон дода шаванд.

Дар ҳалномаи арбитражӣ бояд санаи қабул ва маҳалли баргузории муҳокимаи арбитражӣ нишон дода шавад. Ҳалномаи арбитражӣ дар маҳалли баргузории муҳокимаи арбитражӣ қабулшуда ҳисобида мешавад. Баъди қабули ҳалнома ба ҳар як тараф нусхаи он, ки аз ҷониби арбитрҳо ба имзо расидааст, супорида мешавад. 

 

Баррасии баҳс дар арбитражи байналмиллалии тиҷоратӣ чигуна қатъ карда мешавад?

Оид ба қатъ гардидани парванда арбитраж таъинот қабул мекунад.

Ҳайати арбитраж дар ҳолатҳои зерин оид ба қатъи парванда таъинот мебарорад, агар:

- даъвогар аз талаби худ даст кашад ва ҷавобгар нисбати қатъи баррасии парванда норозигиашро баён накунад, ҳайати арбитраж қонунӣ будани манфиатдории ҷавобгарро оид ба гирифтани ҳалнома дар бораи баҳс эътироф накунад;

- тарафҳо оид ба қатъ намудани таҳқиқи парванда ба созиш омада бошанд;

- арбитраж ба хулоса ояд, ки давом додани баррасии парванда вобаста ба сабабҳои дигар ғайриимкон мебошад.

Таъиноти арбитраж қатъӣ буда, аз лаҳзаи қабул гардиданаш эътибори қонунӣ пайдо мекунад ва танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун аз болои он шикоят кардан мумкин аст.

 

Ислоҳ ва тафсири ҳалномаи арбитражӣ ва тартиби қабул намудани ҳалномаи арбитражии иловагӣ:

Ҳар як тараф дар муҳлати 30 рӯз пас аз гирифтани ҳалнома, агар тибқи Дастури арбитраж ё бо созиши тарафҳо тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, тарафи дигарро огоҳ намуда, метавонад аз ҳайати арбитраж хоҳиш намояд, ки хатои ҳисобӣ, саҳву ғалати нашрӣ ва ё дигар хатоҳои ба инҳо монандро ислоҳ намоянд, инчунин банд ё қисми мушаххаси ҳалномаи арбитражро тафсир кунад ва агар ҳайати арбитраж хоҳишро асоснок шуморад, бояд дар  муҳлати 30 рӯз пас аз гирифтани хоҳиш, агар тибқи Дастури арбитраж муқаррароти дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ба ҳалномаи арбитражӣ ислоҳоти заруриро ворид созад ё онро тафсир диҳад. Ин гуна ислоҳ ё тафсир қисми таркибии ҳалномаи арбитражӣ ҳисобида мешавад.

Ҳайати арбитраж дар мӯҳлати 30 рӯз аз рӯзи қабул гардидани ҳалномаи арбитражӣ, агар Дастури арбитраж тартиби дигаре муқаррар накарда бошад, метавонад бо ташаббуси худ хатоҳоеро, ки дар боло зикр карда шуд, пешбинӣ гардидаанд, ислоҳ намояд ва ба тарафҳо огоҳиномаро оид ба ин ислоҳ ирсол намояд.

Агар тарафҳо ба созиши дигар наомада бошанд ва Дастури арбитраж муқаррароти дигаре пешбинӣ накарда бошад, ҳар як тараф тарафи дигарро метавонад дар  мӯҳлати 30 рӯз аз рӯзи гирифтани ҳалномаи арбитражӣ огоҳ намуда, аз ҳайати арбитраж хоҳиш намояд, ки нисбат ба талаботе, ки дар рафти таҳқиқи парванда изҳор шудаанду дар ҳалномаи арбитражӣ ифода наёфтаанд, ҳалномаи арбитражии иловагӣ қабул намояд.  Агар тибқи Дастури арбитраж тартиби  дигаре пешбинӣ нашуда бошад ва ҳайати арбитраж ин хоҳишро асоснок шуморад, он бояд дар  муҳлати 60 рӯз ҳалномаи арбитражии иловагӣ барорад.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.