Баъзе аз сокинони деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ ҳарчанд солҳои ахир дар зодгоҳ набуданд, ҳамдеҳаҳои худро ба зудӣ мешиносанд. Ҷавонтарҳоро аз рӯи монандӣ ба одамони калонсол маълум мекунанд, ки ба кадом авлод пайвандӣ дорад. Ин аз махсусиятҳои деҳа аст. Одамон ҳамдигарро ба зудӣ мешиносанд.

Дар ин миён як одами нав дар деҳа чанд соли охир ба сар мебарад, ки аллакай ҳама аҳли деҳ ӯро мешиносанд. Аммо зодагони Вешаб, ки чанд муддат аз деҳа дур буданд, ҳар қадар талош кунанд ҳам, маълум карда наметавонанд ӯ пайвандӣ ба кадом оилаву аҷдод дорад.

Некбахти Табаррук, ки чанд соли ахир дар Русия зиндагӣ ва кор мекард, вақти рафтан ба хонаи дӯстонаш зани дар муҳити Вешаб ғайриоддиро дид ва ҳайрон шуд.

“Дар дасташ каланд дошту оби ҷӯйборро тарафи боғ мегардонд. Маро диду салом дод. Дар деҳа аслан мардҳо ба рӯи бонувон нигоҳ намекунанд. Аммо ӯ чанд махсусияте дошт, ки наметавонистам сӯяш таваҷҷӯҳ накунам. Аввал фикр кардам кадоме аз бачаҳои деҳа арӯс овардааст. Вале ӯ ба арӯс монанд набуд. Ҳарчанд либосҳои миллӣ мепӯшид, аз тарҳи рӯяш маълум мешуд, ки тоҷик нест. Баъд ҳамдеҳаҳо бароям гуфтанд, ки ӯ як зани аврупоист. Аз Швейтсария омада,  деҳаи моро ҷои  зиндагӣ интихоб кардааст. Барои ман на танҳо ин аҷиб буд, ки чӣ тавр як зани аврупоӣ меояду дар шароити душвори деҳаи кӯҳистонӣ зиндагӣ мекунад. Бештар аз ин, ба ҳайрат меомадам, ки чӣ тавр ҳамдеҳаҳо ба ӯ бештар аз ҳамсояҳояшон унс гирифтаанд”, - бо шавқ нақл мекунад Некбахт.

Урсула Нифирел

Урсула Ниферел аслан 11 сол пеш, соли 2012 ба Тоҷикистон омад. Худаш ҳам зодаи деҳа аст. Дар яке аз деҳаҳои на чандон калони Швейтсария ба дунё омадааст. Ба кишвари мо дар заминаи як лоиҳаи байналмилалӣ омад. Ин лоиҳа дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон амалӣ мегашт. Шояд пас аз анҷом ёфтани ин лоиҳа Урсула ҳам бо кишвари мо хайрухуш менамуд. Агар як иттифоқе пеш намеомад. Ин иттифоқи аҷиб вақте пеш омад, ки Руқия Назарова, яке аз занони фаъоли деҳаи Вешаби Айнӣ, соли 2016 дар як намоишгоҳе дар шаҳри Душанбе бо Урсула шинос шуд:

“Як махсусияташон ин аст, ки ба одамон зуд унс мегиранд. Мо бо ҳам он қадар зуд қарин ва дугона шудем, ки даъвати маро барои меҳмонӣ ба Вешаб ба хушӣ пазируфт. Гуфт дар деҳаҳои гуногуни Тоҷикистон будааст, хуб буд, агар бо деҳаи мо ҳам ошноӣ пайдо кунад. Омад. Чанд рӯз меҳмондорӣ кардем, дар маъракаҳои ҳамдеҳаҳо ширкат дошт. Пеш аз бозгашт ба Душанбе гуфт, Вешаб барояш беҳад маъқул шудааст ва рафта ҳуҷҷатҳои худро дуруст мекунаду ба ин ҷо ба нияти зиндагиву кор хоҳад омад. Воқеан ҳам андактар ба Вешаб баргашт ва дар махале, ки кор мекунад, дар яке аз ҳавлиҳои истиқоматӣ зиндагӣ дорад”, - мегӯяд Руқия Назарова.

Руқия Назарова

Урсула омаду гӯё зиндагӣ дар Вешаб дигар шуд. Албатта то омадани ӯ ҳам ба ин деҳаи кӯҳистон хориҷиҳо кам рафтуомад надоштанд. Вале хориҷие, ки мисли Урсула мехост ва то андозае тавонист дар зиндагиву тасаввуроти сокинони Вешаб дигаргунии комил ба роҳ монад, набуд.

“Ман дар кишварҳои гуногун будам. Деҳаҳои зиёдеро ҳам гаштаам. Он чи ки маро ба Вешаб ҷазб мекард, монандиаш бо зодгоҳи ман аст. Ҳавои тоза, мардуми соддаву самимӣ. Хулоса кардам, ки ин мардум метавонанд ва бояд зиндагиву фаҳмишҳои худро иваз намоянд. Ҳама шароити табиӣ ҳаст. Боз чӣ зарур? Намуна будан! Шояд, агар ман бо либосҳои аврупоӣ мегаштаму ба вешабиҳо лексия мехондам, маро нодуруст мефаҳмиданд. Шояд мегуфтанд, ки ӯ кист, ки ба мо дарс доданист. Хулосаи ман ин шуд, ки агар барои дигар шудани зиндагии одамон ва фаҳмишоти онҳо либосу тарзи зиндагӣ халал мерасонад, пас ман бояд аввал худро иваз кунам. Ҳамин тавр ҳам кардам. Як ҷузъи ин мардум шудам. Мисли онҳо либос мепӯшам, кӯшиш надоштам, ки аз онҳо дар либосу рафтору гуфтор фарқ дошта бошам.  Дар ҳар маърака, хоҳ шодӣ бошад, хоҳ мотам иштирок мекунам. Дар натиҷа онҳо бо ман самимитар гаштанд. Дар баъзе чизҳо ба ман пайравӣ мекунанд”, - мегӯяд Урсула Ниферел.

Руқия Назарова, зане, ки барои овардани Урсула ба Вешаб сабаб шудааст, мегӯяд бо омадани сокини нави деҳа хеле фаҳмишҳо дигар шуданд. Хулосаи ҳамдеҳаҳояш аз ҷумла дар ин бора, ки ҳамаи одамони кураи замин фақат хуб ва бад буда метавонанд, қавитар шуд.


“Яъне мардум ин нуктаро хубтар ва амалан мефаҳманд, ки дин, миллат ва забон махсусиятҳои инфиродии одам аст. Сифати муҳимтарин одам будан аст. Ҳоло ҳамдеҳаҳои мо аз Урсула на танҳо кор меомӯзанд, балки хеле хислатҳо ва тарзи зиндагиашон низ тағйир меёбад. Масалан, як одати бади мардуми мо хотирбинӣ аст ва ё худро ба гуфтаи “Изои муъмин ҳаром” ором карданӣ мешавем. Агар нафаре кори баде кард, дар рӯяш намегӯем. Урсула чунин нест. Камбудии одамонро дар рӯяшон мегӯяд ва онҳо ислоҳ мешаванд. Ростқавл аст ва инро аз дигарон ҳам талаб мекунад. Пештар мардум аз рӯи нақша кор карданро чандон хуш надоштанд ва фикр мекарданд, ки вақташон бисёр асту “оҳиста – оҳиста мекунанд”. Ҳоло хатои худро фаҳмиданд. “Хушчақчақии” бисёр ҳам аз байн меравад. Акнун дар натиҷаи банақшагирӣ маҳсулнокии корашон афзуд, масъулиятнок шуданд”, - иброз медорад Руқия.

Ба қавли ин зан, Урсула ба занҳои деҳа аҳамияти гиёҳҳои табиии Вешабро фаҳмонида тавонист ва онҳоро ба бештар таҳия намудани хӯрокҳои миллӣ шавқманд кард. Хулоса, хеле қолабҳоро шикаст. Аз ин ҷост, ки Урсуларо дар Вешаб Орзугул ҳам ном мебаранд. Зеро хеле аз занҳову духтарони деҳа орзу доранд зиндагиашонро чун ӯ созанд.


Бо Урсула мо дар Душанбе вохӯрдем ва он ҳам пеш аз сафараш ба Швейтсария. Ба зодгоҳаш барои аёдати пайвандон раҳсипор буд.

“Ҳамасола як бор ба зодгоҳам меравам. Одатан чанд моҳ меистам ва баробари фаро расидани баҳор ва оғози корҳо ба Вешаб бармегардам. Ин ҷо ватани дуюми ман аст. Шукр, сокинони ин деҳа низ маро бегона намеҳисобанд. Мардуми дӯстдоштанӣ, меҳнатдӯст ва хоксору самимианд. Бештар бо занону духтарон кор мекунам. Ба онҳо коркарди маҳсулоти кишоварзиро аз рӯи таҷрибаи Швейтсария  меомӯзонам. Худро хушбахт меҳисобам, ки хеле аз бонувон, хоса духтарони ҷавон маро устоди худ меҳисобанд, аз ман кор омӯхтанд ва зиндагиву бардоштҳои худро дигар карданд. Ҳамин зиндагиву фаъолиятҳои ман дар Вешаб бори дигар исбот менамоянд, ки одамон ба ҳамдигар чӣ қадар метавонанд кӯмак кунанд, тавассути ҳамдигар зиндагиашонро осон намоянд. Барои ин фақат зарур аст, ки дар симои ҳамдигар як инсонро бубинанд ва дину забону миллатро кори шахсии ҳар кас ҳисоб кунанд”, - мегӯяд Урсула Нифирел.

Урсула аз дӯстиву муҳаббати беандоза ва таҳаммулпазирии ҳамзистонаш, ҳамчунин табиати афсонавию нотакрори деҳаи Вешаб дил канда натавонист ва барои ҳамешагӣ ин маконро чун ватани дуюми худ интихоб намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.