Дар шаҳри Хуҷанд барои нақзи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” беш аз 50 парванда боз шуда, ҷиҳати баррасӣ ба додгоҳ ирсол гардидааст.

Достон Диловарзода, сардори Раёсати дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар шаҳри Хуҷанд ба ОИ “Азия-Плюс” хабар дод, ки ин қонуншиканиҳо давоми солҳои 2022-2023 ба қайд гирифта шудаанд.

Ӯ тавзеҳ дод, ки азбаски парвандаҳо ба додгоҳ ирсол шудаанд, ҳаҷми дақиқи ҷаримаҳо то ҳол маълум нест.

“Баргузории зодрӯз, домодталабон, хатнасур, ҳоҷиталабон, ноншиканон аз ҷумлаи қонунвайронкуниҳое ҳастанд, ки бештар ошкор шудаанд”, - гуфт Достон Диловарзода.

Ба иттилои хабаргузории “Sugdnews” рӯзи 22-юми январ дар Шӯрои ҳамоҳангсозии сохторҳои қудратии шаҳри Хуҷанд зикр гардид, ки зимни ҳашт санҷиши додситонӣ беш аз 200 далели нақзи Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ошкор шудааст.

Фаридун Нуруллозода, ёвари калони прокурори шаҳр, гуфтааст, ки дар солҳои 2022-2023 214 қонуншиканӣ ошкор шудааст.

“120 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуда, 51 парвандаи маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба суд ирсол гардид”, - гуфтааст ӯ.

Аксарияти қонунвайронкуниҳо дар тарабхонаҳои “Яккасарой” (8 далел), “Бахтиёр” (6 далел), “Форел” (4 далел), “Мирзоҳабиб” (3 далел), инчунин дар “Себарг”, “Абдуваҳҳоб” (ҳар кадом 2 далелӣ), “Дӯстон”, “Мир”, “Зайтун” ва “Абдулазиз” (ҳар кадом 1 далелӣ) ба қайд гирифта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар вилояти Суғд се ҳолати пурсарусадои нақзи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд. 

Дар яке аз онҳо зане зодрӯзашро ҷашн гирифта, 15 меҳмонро даъват кардааст (тибқи қонун зодрӯзро танҳо бо аҳли оила ҷашн гирифтан мумкин аст). Барои ин қонуншиканӣ занро ба маблағи 51 ҳазор сомонӣ ҷарима таҳдид мекард.

Дар мавриди дигар, як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маросими хатнасури писарашро ташкил карда, беш аз 150 меҳмонро даъват кардааст. Ҷарима 7480 сомониро ташкил дод.

Дар мавриди сеюм роҳбарияти тарабхонаи “Яккасарой”-и шаҳри Хуҷанд ҷаримабандӣ шуд – ҳангоми санҷиш маълум шуд, ки директори тарабхона бидуни бастани шартномаҳо оид ба хизматрасонӣ тӯйҳо баргузор кардааст. Дар натиҷа директори тарабхона 81,6 ҳазор сомонӣ, мудир 44,2 ҳазор сомонӣ, баранда ва овозхон 51 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” соли 2007 қабул шуда, ҳадаф аз онро мақомоти кишвар, сарфакорӣ дар баргузории маъракаҳо медонанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.